ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ОФТОБИ МУҲАББАТИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДГУЗОРИ НЕРУГОҲИ «РОҒУН»

Апрель 13, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 13.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Эҳёи давлатдории миллӣ, сохтани низоми комил, анҷом додани корҳои бузург, рӯи даст гирифтани тарҳҳои бузурги созандагӣ дар ҷумҳурӣ ба шахсияти бузурги сиёсӣ, давлатмарди наҷиб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бастагӣ дорад. Сутудан аз кори давлатсозии ин абармард ба хотири созандагӣ ва сипоси ҳаммеҳанӣ аз нақши шахсияти таърихсоз ва бузургу ҷонфидо мебошад. Яке аз тарҳҳои бузурги миллӣ дар мамлакат, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора рӯи кор гирифта шуда, корҳои созандагӣ дубора ба авҷ расонида шуданд, бунёд ва ба истифода додани Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад.

— Неругоҳи барқи обии «Роғун»  чун ташаббуси бузурги миллӣ ва тарҳи нодири таърихӣ шинохта мешавад. Ҳоло неругоҳ на танҳо иншооти бузурги энергетикӣ, балки рамзи нангу номус, худшиносии миллӣ ва иродаи созандаи мардуми сарбаланди тоҷик буда, дар сароғози ин нияти бузурги миллӣ дар замони истиқлолият фарзонафарзанди миллат, Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд.

Солиёни зиёд Ҷумҳурии Тоҷикистон аз норасоии неруи барқ, маҳдудияти шадиди барқ дар фасли тирамоҳу зимистон, вобастагӣ аз манбаъҳои гарони сӯзишворӣ ва имконияти маҳдуди рушд ранҷ мебурд. Аз ҳама ҷиҳат мушкилӣ вуҷуд дошта, имконият бениҳоят маҳдуд буд ва дар чунин  шароити бисёр вазнин оғози тарҳи бузург-  азнав эҳё намудани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва табдили он ба стратегии давлатӣ кори саҳл набуд. Ҳоло  он рӯйдоди сарнавиштсоз барои иқтисоди миллӣ ва ояндаи давлат арзёбӣ мешавад. Феълан, Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро идеяи бузурги миллӣ муаррифӣ месозанд, ки ин аз ҳақиқат ва ҳикмат дур нест.

Нақшаи бунёди неругоҳи азими барқи обӣ дар қитъаи Роғун ҳанӯз солҳои 70–80-уми асри гузашта дар доираи барномаи умумииттифоқии истифодаи захираҳои рӯди Вахш рӯи кор омад. Вале як силсила омилҳои инсонӣ, масоили молиявӣ ва баъдан фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ, сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва мушкилоти иқтисодӣ  имкон надоданд, ки сохтмони он сари вақт ба анҷом расад. Як нақшаи нокомил ва як барномаи анҷомнаёфта дар рӯи коғаз монда буд. Ҳатто дар бораи он олимону коршиносон ҳам сухан намеронданду тасаввур ҳам намекарданд, ки дар бораи он касе дубора фикр намояд.

Баъи истиқлолият ба даст овардани  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хотимаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар мамлакат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи расидан ба истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегӣ эълон намуда, Неругоҳи барқи обиии «Роғун»-ро ҳамчун сутуни асосии ин ормон дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати давлатӣ қарор доданд.

Роҳбари хирадманди давлат масъалаи бунёди Неругоҳи барқи обии  «Роғун»-ро хеле саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуда, тамоми ҷаҳду талошашонро барои сохта, ба истифода додани он сарф намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки  «Роғун» ояндаи ободи халқи тоҷик, сари баланду рӯи сурхи ҳар фарди Ватан ва кафили болоравии нуфузу обрӯи давлати озоду соҳибихтиёри тоҷикон аст.

Воқеан ҳам, бо ба истифода додани Неругоҳи барқи обии «Роғун» тамоми шароит ва имконият барои ҳамбастагиву ҳамдилӣ ва саодатмандии миллат фароҳам оварда шуд.

Пешниҳоди идеяи бунёди неругоҳ аз ҷониби Сарвари хирадманди мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  маъракаи умумимиллии ҳамбастагиро ифшо сохта, бори дигар исбот намуд, ки ин лоиҳа танҳо тарҳи иқтисодию муҳандисӣ набуда, балки майдони санҷиши вафодорӣ ба давлату миллат, намунаи ифодаи нангу номус ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ, меҳандӯстиву масъулиятшиносӣ мебошад. Ҳамин аст, ки Роҳбари давлат Неругоҳи «Роғун»-ро ифодагари шарафи миллӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати созандаи фарзандони бонангу номуси Тоҷикистон унвон доданду кунун ҳар муваффақияту пешрафт дар ин майдони созандагӣ ва арсаи нангу номус ҳамчун дастоварди умумимиллӣ таҷлил карда мешавад.

Мавриди ёдоварист, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо сохтмони сарбанди азим, ки баландии он 335 метр пешбинӣ шудааст, пас аз анҷом ёфтанаш ба баландтарин садди сангини ҷаҳон табдил меёбад. Ин баландӣ на танҳо аз бисёр иншооти муҳташами дигари ҷаҳон, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Норак», ки тақрибан 300 метр баландӣ дорад, болотар аст, балки имконият медиҳад, ки обанбори бузург бо зиёда аз 13,3 миллиард метри мукааб об ташкил карда шавад.

Тибқи лоиҳаи корӣ, неругоҳ аз 6 агрегати гидравликӣ иборат хоҳад буд, ки ҳар кадом иқтидори тақрибан 600 мегаватт дошта, дар маҷмуъ иқтидори насбшудаи онро то 3600–3780 мегаватт мерасонанд. Ин иқтидор имкон медиҳад, ки дар як сол то 17 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол карда шавад, ки ин аз ҳаҷми кунунии тавлиди неруи барқ дар ҷумҳурӣ қариб ду баробар зиёд аст ва ин, албатта, бе баҳс сутуни истиқлолияти энергетикиро ташкил хоҳад дод.

Сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо уфуқи то 1300 метр аз сатҳи баҳр, дарозиаш тақрибан 660 метр ва паҳнои болоии тақрибан 20 метр иншооти аз лиҳози муҳандисӣ бисёр мураккаб ба ҳисоб меравад. Барои гузаронидани об дар давраи сохтмон ва идоракунии об дар шароити гуногуни иқлимӣ чандин нақби инҳирофӣ ва иншооти иловагӣ сохта мешаванд, ки ҳамаи онҳо барои бехатарӣ ва устуворӣ ба стандартҳои баланди байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудаанд. Лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби беҳтарин коршиносон ва созмонҳои байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуда, масъалаи бехатариву устуворияш пурра кафолат дода шудааст. Корҳои омӯзишӣ ва таҳқиқотӣ пурра дар сатҳи ҷаҳонӣ ва бо ҷалби коршиносони ҳирфаӣ гузаронида шудаанд. Метавон гуфт,  ки ин неругоҳ на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои минтақа хеле муҳим буда, бунёди он барои тамоми давлатҳои минтақа манфиатнок аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин масъала чунин изҳори андеша намуданд: «Такроран хотирнишон менамоям, ки ин иншооти ҳаётан муҳим мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии сифату бехатарӣ ва бо истифода аз технологияҳои навтарин бунёд шуда истодааст ва дар ояндаи наздик на танҳо хонадони сокинони Тоҷикистонро нурафшон мекунад, балки ба давлатҳои минтақа низ хизмат хоҳад кард». Воқеан ҳам Роғун метавонад кафили равшании ҳар хонадон бошад.

Хотиррасон мешавем, ки чандин сол қабл Тоҷикистон аз нигоҳи таъминоти барқ бениҳоят мушкилӣ дошт ва дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бо мушкилоти мухталиф рӯ ба рӯ мешуд. Ҷумҳурӣ маҳдудияти фаслӣ ҷорӣ менамуд ва дар масъалаи таъминоти барқ дар зимистон бениҳоят осебпазир буд. Маҳз бо сабаби камшавии сатҳи оби обанборҳо ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба гармӣ ва равшанӣ қисман маҳдудияти барқ ҷорӣ карда мешуд. Албатта, ин вазъият на танҳо ба зиндагонии рӯзмарраи аҳолӣ, балки ба фаъолияти саноат, маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои ҳаётан муҳим низ таъсири амиқ мегузошт.

Бо ба кор даровардани агрегатҳои аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» аллакай ҳаҷми тавлиди неруи барқ дар шабакаи ягонаи миллӣ афзуд ва қадаме дар самти бартараф намудани маҳдудияти фаслӣ гузошта шуд. Масъалаи маҳдудияти барқ имрӯз оҳиста-оҳиста аз байн меравад. Мақсад ин аст, ки баъди пурра ба кор даромадани тамоми агрегатҳо ва шохаи барқтавлидкунанда Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар тамоми давраи сол бе ягон маҳдудият талаботи дохилиро таъмин намуда, дар айни замон барои содироти барқ ба бозорҳои минтақавӣ низ иқдом намояд. Ва ин, албатта, ба пешрафти ҳар соҳа ва пеш аз ҳама, рушди иқтисодиёту маорифу тандурустӣ мусоидат хоҳад намуд. Бо таъмини пурраи неруи барқ дар мамлакат фазои фикрӣ ва корӣ комилан дигар гардида, тафаккури нави зисту зиндагӣ ба вуҷуд меояд, ки ба ташаккули руҳияи солими ҷамъиятӣ ва тафаккури техникӣ низ мусоидат хоҳад кард.

Перомуни ин масъала Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо кормандону фаъолони  Неругоҳи барқи обии «Роғун» чунин иброз намуда буданд:  «Бо бунёди ин неругоҳи бузург мо на танҳо мушкилоти нарасидани барқро барои аҳолӣ ҳал менамоем, балки ба хотири рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ, муҳайё намудани ҷойи нави кор ва беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, хусусан маорифу тандурустӣ заминаи устувор фароҳам меоварем».

Дар он маврид истиқлолияти энергетикӣ дар ин замина на танҳо мафҳуми иқтисодӣ, балки унсури муҳими амнияти миллӣ ва сиёсати созандагии давлат хоҳад буд. Зеро,  давлате ки аз лиҳози барқ ба худкифоӣ мерасад, аз вобастагиҳои беруна озодтар гардида, дар фазои муносибатҳои минтақавию байналмилалӣ бо эътимоди бештар ва мақоми устувортар ҳузур пайдо хоҳад намуд, ки ниёзмандиро аз байн мебарад.

Дар умум, метавон гуфт, ки Неругоҳи «Роғун» имрӯз арсаи воқеии нангу номус аст, мактаби бузурги худогоҳӣ ва иродаи созандаи мардуми шарафманди мо, ки дар он ормони деринаи мо- мустақилияти энергетикӣ, рушди босуботи иқтисодӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ таҷассум меёбад. Бунёд ва ба кор оғоз намудани агрегатҳои ин неругоҳ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон на танҳо мушкилоти таъминоти дохилии барқро ҳал созад, балки бо баромадан ба бозорҳои содиротии неруи барқи «сабз» мавқеи геоиқтисодии худро дар минтақа мустаҳкам намояд ва ба рушди саноативу иҷтимоии худ суръати нав бахшад.

Ҷанбаи иҷтимоӣ, маънавӣ ва рамзии «Роғун», ки ҷомеаро атрофи ҳадафҳои умумимиллӣ муттаҳид сохт, имкон медиҳад, ки онро на танҳо иншооти муҳандисию саноатӣ, балки пояи муҳими худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва нишони қудрати созандаи давлати ҷавони тоҷик арзёбӣ намоем. Ҳамзамон риояи қатъии стандартҳои байналмилалии амниятӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ метавонад кафолат диҳад, ки ин «қасри нур» барои наслҳои имрӯз ва фардо сарчашмаи баракат, рушд ва суботи воқеӣ хоҳад буд.

Бояд гуфт, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» маҳз бо талош ва заҳмати Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта мешавад. Ин аст, ки  сиёсатмадор, нависанда, рӯзноманигор ва публитсисти рус Александр Проханов дар яке аз навиштаҳояш таҳти унвони «Бунёди тамаддуни зеризаминӣ дар Тоҷикистон» аз хизматҳои шоистаи Пешвои  миллат барои ободонию шукуфоии Тоҷикистон ва бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ёдрас гардида, чунин гуфтааст: ««Роғун» фарзанди дӯстдоштаи Эмомалӣ Раҳмон аст, ки онро ҳамчун хотираи неки роҳбарии худ бунёд менамояд».

Сад дар сад дуруст аст, ки ин иншооти бузургро Сарвари хирадманди мамлакат ҳамчун фарзанди худ, ҳамчун умедгоҳи миллат, ҳамчун чароғи ҳастӣ ва чун меҳвари нангу номус медонанду ғамхорӣ менамоянд. Ва барои зудтар ба кор даровардани агрегатҳои он доимо талош меварзанд ва ҳар сари чанд вақт бо кормандону фаъолони ин неругоҳ мулоқоту суҳбатҳо анҷом медиҳанд, ки ин аз ғамхориву сарпарастии ин абармарди арсаи сиёсат дарак медиҳад.

Воқеан, имрӯз бояд шараф ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфт!

Шараф бар ин фарзанди бонангу номус ва ватансози меҳан гуфт!

Шараф бар бастакори «Роғун» бояд гуфт!

Неругоҳи барқи обии «Роғун» маркази ормон ва мактаби нангу номуси миллӣ, маркази ваҳдат ва шуҷоату рафоқат аст!

Неругоҳи барқи обии «Роғун» умеди дурахшони меҳан ва ормони саодатмандии миллат аст!

Неругоҳи барқи обии «Роғун» иншооти азими аср, маркази бузурги таҷриба, садоқат ва ҳамбастагию ҳаммаромист!

Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,
ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 13, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
ШЕЪРИ ТУРСУНЗОДА БӮИ ИШҚ, БӮИ ҶАВОНМАРДӢ ВА БӮИ ВАТАН МЕКУНАД. Эҳдо ба 115-солагии Мирзо Турсунзода
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид