«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд

Апрель 2, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 02.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел дар шаҳри Ҳисор таҳти унвони «Хизмат ба Ватан қарзи фарзандии мост!» чорабинии тантанавии Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.

Қабл аз оғози чорабинӣ даъватшавандагону хизматчиёни қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр ва ҷавонони фаъол аз назди бинои комиссариати ҳарбӣ тавассути кӯчаҳои марказӣ то Кохи фарҳанги шаҳр бо шиорҳои ватандӯстона ва садои карнаю сурнай роҳпаймоӣ намуданд.

Раиси шаҳр Ҷаббор Носирзода баъд аз гузориши низомии комиссари шаҳр оид ба омодагии даъватшавандагон барои иштирок дар Рӯзи даъватшаванда сухан намуда, ба ҷавононе, ки бо амри виҷдон ва ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шудаанд ва ба волидайну устодонашон изҳори сипос намуд.

Иброз гардид, ки бо шарофати ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, бахусус дастгириву ташаббусҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити буду бош ва хизмати аскарон дар қисмҳои низомӣ сол аз сол беҳтар гардида, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз имтиҳонҳои сангини таърих гузашта дар минтақа ҳамчун яке аз ниҳодҳои тавоною қудратманд ташаккул ёфтааст.

Гуфта шуд, ки бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 80 нафар ба даврҳои омӯзишии ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ҷалб гардиданд. Онҳо соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардида, дар қисмҳои ҳарбӣ ба сифати ронанда ба Ватан содиқона хизмат хоҳанд кард.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Апрель 2, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд