Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Апрель 24, 2026 10:45

ДУШАНБЕ, 24.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 24 апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти минтақаҳои наздисарҳадӣ дар Осиёи Марказӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳдидҳои киберӣ баррасӣ шуданд.

Ба тақвияти муносибатҳои шарикӣ дар соҳаи нақлиёт ва амнияти озуқаворӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Ҳамчунин ҳамоҳангии фаъолият дар соҳаи технологияҳои нави  рақамӣ ва  инфрасохтор мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни вохӯрӣ директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо ба котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ оид ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушд ва татбиқи зеҳни сунъӣ ва амнияти киберӣ маълумот дод.

Аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ протоколи дахлдор ба имзо расонида шуд.

Апрель 24, 2026 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид