Дар Хатлон омодабошӣ барои ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар рӯзи якум 100 фоизи нақшаро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 01.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳолати омодабошӣ барои ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар рӯзи якуми даъват 100 фоизи нақшаи пешбининамударо ташкил дода, ҷавонони зиёде бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар шаҳри Бохтар Рӯзи даъватшаванда бо шукуҳу шаҳомати хосса ва роҳпаймоӣ доир гардид. Дар роҳпаймоӣ садҳо нафар ҷавонони ихтиёрӣ иштирок намуда, омода буданашонро барои ҳифзи марзу буми Ватан ба намоиш гузоштанд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз намуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз марҳилаҳои муҳими ҳаёти ҳар ҷавон буда, мактаби ҷасорат, мардонагӣ ва садоқат ба Ватан ба ҳисоб меравад.
Дар ин рӯз тибқи анъанаҳои миллӣ маросими «нонгазон» баргузор гардида, наваскарон бо дуои нек ба хизмати Модар-Ватан гусел карда шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






