«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Шаҳри Хоруғ дар даври вилоятии ин озмун сазовори Шоҳҷоиза гардид

Апрель 22, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 22.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 21 апрел дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин вилоят хабар доданд, аз рӯи баҳогузории ҳайати ҳакамон шаҳри Хоруғ соҳиби Шоҳҷоиза шуда, ноҳияи Роштқалъа ҷойи якум, Шуғнон- ҷойи дуюм ва ноҳияи Мурғоб мақоми сеюмро соҳиб гардиданд.

Озмун бо мақсади ҷалб намудани занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои миллӣ ва ҳунари дастархонороӣ гузаронида шуд.

Иброз гардид, ки имсол мардуми сарбаланди тоҷик 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Дар ин соли таърихӣ баргузор намудани чунин фестивал–озмунҳо зарур буда, мақсад аз он густариши ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти кадбонуҳои беҳтарин, донандагон ва пазандагони таомҳои қадимӣ ва замонавӣ мебошад.

Ба ҳунари иштирокчиён аз рӯи якчанд меъёр, аз ҷумла ороиши дастархон, маҳорати пухтупаз, пешниҳоди таомҳои миллӣ ва муосир, инчунин муаррифии шифоҳии онҳо баҳо гузошта шуда, беҳтаринҳо соҳиби Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи бештари таомҳои миллии азбайнрафта ва муаррифии маҳорату ҳунари кадбонугии занону духтарони тоҷик гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки имсол соли ҳаштум аст, ки ин озмун дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Апрель 22, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»