Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо соҳиби медали биринҷӣ гардид

Апрель 16, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 16.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгардухтари  тоҷик Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар вазни то 52 кг сазовори медали биринҷӣ гардид. Дар мубориза барои медали биринҷӣ Мадина бар намояндаи Ҳонконги Чин  Тсуи Шук ғолиб омад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин беҳтарин натиҷа байни духтарон дар мусобиқаҳои Осиёӣ ба ҳисоб меравад, ки аввалин шуда ба он Мадина Қурбонзода расид.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар шаҳри Ордоси Ҷумҳурии Мардумии Чин Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар соли 2026 оғоз шуд. Дар ин чемпионат варзишгарони тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ рақобат намуданд. Дар натиҷа Эмомалӣ Нуралӣ ғолиб омада, соҳиби медали тилло ва Обид Ҷебов соҳиби медали нуқра гардиданд.

АКС: Варзиш ТВ

Апрель 16, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод