Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасону ҷавонон баргузор гардид

Апрель 20, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 20.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасону ҷавонон, ки бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 то 18 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҷамъбаст шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқа бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи тенниси Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои байналмилалӣ гузаронида шуда, дар он варзишгарон аз 20 давлати дунё иштирок намуданд.

Дар маросими ҷамъбаст ва қадрдонии ғолибону ҷоизадорон муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода ва раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон Шоҳин Саидов ба варзишгарон барои иштироки фаъол ва натиҷаҳои назаррас изҳори сипос намуданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои сабқат дар бахши инфиродӣ байни писарон ҷойҳои ифтихорӣ чунин муайян гардиданд:

Ҷойи якум – Иван Чернишов (Беларус)

Ҷойи дуюм– Сомон Амонов (Тоҷикистон)

Дар бахши инфиродӣ байни духтарон ғолибон чунин муайян карда шуданд:

Ҷойи якум – Шаҳзода Артикбаева (Узбекистон)

Ҷойи дуюм – Яна Скоробогатова (Русия)

Мусобиқа қадами муҳим дар роҳи рушди варзиш, муаррифии имконияти ҷавонони мамлакат ва таҳкими нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи варзиш арзёбӣ гардид.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 20, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод