Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд доир гардид
ДУШАНБЕ, 21.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар деҳаи «Намуна»-и Ҷамоати деҳоти «10-солагии истиқлол»-и шаҳри Турсунзода Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид.
Дар мусобиқа паҳлавонони шинохтаи Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия иштирок ва байни ҳам рақобат намуданд. Дар мусобиқа паҳлавонони Тоҷикистон ва Узбекистон нисбат ба ҳарифонашон ҳунар ва маҳорати баланд нишон дода, ҷоизаҳои олиро сазовор гардиданд.
Аз ҷониби ташкилкунандагони мусобиқа барои иштирокчиён туҳфаҳои гуногун, аз ҷумла 4 мошин ҳамчун Шоҳҷоиза гузошта шуда буд. Як мошинро паҳлавони ҷавони шаҳри Турсунзода Сарвар Абдушукуров пас аз ғолиб омадан бар ҳарифаш Абубакр аз шаҳри Душанбе соҳиб гардид.
Шоҳҷоизаи дуюми мусобиқаро Турпал Тепкаев аз Федератсияи Русия соҳиб гардид.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






