Нақшаи даъвати баҳорӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар рӯзи якум иҷро гардид

Апрель 1, 2026 17:14

ДУШАНБЕ, 01.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонони ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо дарки асолати баланди ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ ба хизмати Ватан равона гардиданд ва чун анъана нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар рӯзи аввал иҷро шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара хабар доданд.

Ин дастовард аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва нишонаи татбиқи сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ гувоҳӣ медиҳад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ба муносибати гусели наваскарон ҳамоиши идона доир гардид. Диловарони ворухӣ бо сарбаландӣ ва ифтихор аз Ватан дар назди волидон ва ҳамдеҳагон паҳлу ба паҳлу дар саф истода, бо ин иқдоми ҷавонмардона нишон доданд, ки ба давлату миллат содиқ ҳастанд.

Таъкид гардид, ки имсол дар даъвати баҳорӣ шумораи ҷавонони далеру шуҷоъ, ки бо амри дилу виҷдон барои адо намудани қарзи шаҳрвандӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамроҳ мешаванд, зиёд гардидааст. Иштирокдорон аз масъулиятшиносӣ, ташаббуси ватандӯстона, ҳувияти баланди миллӣ ва матонату ҷавонмардии ҷавонони ба хизмати Ватан ҳозиршуда ёдовар шуда, ба волидайни онҳо барои тарбияи ҷавонписарони боғайрату далер изҳори сипос намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара

Апрель 1, 2026 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд