Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид

Апрель 1, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 01.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Иброз гардид, ки солҳои охир Осиёи Марказӣ платформаи муҳим барои муколамаи стратегӣ байни минтақаҳо гардида, муносибатҳои байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ба туфайли манфиатҳои муштарак ва эътимоди афзоянда ба таври назаррас рушд менамоянд. Харитаи роҳи таҳкими робитаҳо байни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ки ба тавсеаи шарикии судманди байниминтақавӣ дар арсаи сиёсию амниятӣ, дипломатӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикаву иқтисод ва робитаҳои байнимардумӣ равона шудааст, ифодаи амалии ин принсипҳо мебошад.

Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки аз дурнамои ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла таҳкими муносибатҳои байнипарламентӣ хушбин ҳастем. Таъкид карда шуд, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, рушди деҳот, энергетика, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои об, идоракунии сарҳадот, мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва нақлиёту коммуникатсия назаррас мебошад.

«Фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таълими босифати ҷавонон, инчунин тавсеаи дастрасии ҷавонон ба барномаҳои таълимии Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Erasmus+, Horizon Europe ва барномаҳои Мария Склодовская-Кюри ҳамкории моро дар ин самт ба таври назаррас тақвият мебахшад. Ҳамчунин мо ба ҳамкории наздиктар бо Фазои таълимии Аврупо (EEA), аз ҷумла дар соҳаи эътирофи мутақобили тахассусҳо ва дипломҳо, васеъ кардани имконият барои омӯзиши забонҳо ва рушди системаи таҳсилоти давомдор манфиатдорем. Амнияти Осиёи Марказӣ ва Аврупо бо ҳам зич алоқаманд аст. Дар доираи барномаҳои мушаххаси байниминтақавӣ барои пешгирии таҳдидҳо ва таъмини амнияти минтақавӣ давоми даҳсолаҳо мо дар доираи «Барномаи мусоидат ба идораи марзҳои Осиёи Марказӣ» (БОМКА) ва «Барномаи пешгирии маводи мухаддир ба Осиёи Марказӣ» (CADAP) фаъолона ҳамкорӣ мекунем. Дар баробари ин, зарур мешуморем, ки ҷузъи амалии ин барномаҳоро бо назардошти вазъи кунунӣ дар заминаи амнияти минтақавӣ тақвият диҳем, — афзуд Мавсума Муинӣ.

Изҳори умед карда шуд, ки қолаби ҳамкории байнипарлумонӣ дар татбиқи созишномаҳои дар доираи нахустин форум бадастомада нақши муҳим мебозад ва имкон медиҳад, ки сохтори шарикии байниминтақавӣ боз ҳам такмил ёбад ва ба манфиати мардумони мо хизмат кунад.

Форум дар се бахш, аз ҷумла «Вазъи кунунии муколамаи сиёсии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, нақши дипломатия парлумонӣ дар таҳкими эътимод ва рушди ҳамкории устувору шарикӣ дар бахшҳои сармоягузорӣ, иқтисодӣ, экологӣ, робитаҳои нақлиётӣ, тағирёбии «сабз»-и минтақа, волоияти қонун, нақши парлумонҳо дар таҳкими институтҳои демократӣ, таъмини ҳуқуқи инсон ва ташаккули фазои рақамии бехатару идоракунии фарогир» идома ёфт. Дар кори он вакилони парламентҳои кишварҳои Аврупо, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, коршиносони байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок ва ҷабҳаҳои гуногуни масъалаҳои бахшҳои форумро мавриди баррасӣ қарор дода, мубодилаи афкор намуданд.

Дар интиҳои форум аз ҷониби иштирокчиён «Изҳороти муштараки нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо» қабул гардид.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 1, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд