Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
МУЪМИНОБОД, 02.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳорӣ дар рӯзи якум пурра иҷро гардида, даъватшавандагон ба таври ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ равона шуданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Раиси ноҳия Сайвалӣ Амирзода ба падару модароне, ки фарзандонашон ихтиёрӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мераванд, изҳори сипос намуд. Иброз гардид, ки ҳар ҷавон вазифадор аст дар ҳимояи марзу буми Ватан саҳм гузорад.
Гуфта шуд, ки бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити қисмҳои низомӣ дар саросари ҷумҳурӣ сол аз сол беҳтар гардида, барои сарбозон шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
Ба даъватшавандагон аз ҷониби бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия либосҳои варзишӣ ва аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳкимияти давлатии ноҳия туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид






