Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тавзеҳ дода шуданд
ДУШАНБЕ, 10.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Нигора Муқимӣ, ки бо фаъолон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ходимони дини шаҳри Ҳисор баргузор гардид, тавзеҳ дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода иброз намуд, ки ин чорабинӣ дар доираи ҳамкорӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои таъбиз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд. Дар он муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» тавзеҳ дода шуд. Таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳим самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳуриро фаро гирифта, дурнамои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакатро муайян менамояд. Махсусан баланд бародоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва таъмини волоияти қонун дар ҷомеа дар ин санад махсус таъкид гардидааст.
Дар мулоқот дар робита ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими ҳамкории судманд дар самти таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фаъолияти комиссияю ташкилоти марбута, ҳамчунин ташвиқу тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва дастовардҳои мамлакат давоми даҳсолаи охир дар самти волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон муайян ва оид ба роҳҳои бартараф намудани мушкилиҳо дар самти ҳуқуқи инсон ва кӯдак ибрози назар карда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ — ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ШАҲРВАНД. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






