ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои анҷоми машқҳои дастҷамъӣ ба Дубай рафт
ДУШАНБЕ, 25.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол барои анҷоми машқҳои дастҷамъӣ ба Дубай рафт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, барои ин машқҳо, ки то 2 май идома меёбад, сармураббӣ Далер Каёсов 26 бозигар – се дарвозабон, 10 ҳимоятгар, нӯҳ нимҳимоятгар ва чор ҳамлагарро даъват кардааст. Дархости ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 23 бозигарро дар бар мегирад.
Бояд таъкид кард, ки мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Тайланд (5 май), Мянмар (9 май) ва Арабистони Саудӣ (12 май) рақобат мекунад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд






