«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 06.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе» Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» оид ба гӯштингирӣ идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода иштирок намуда, иброз доштанд, ки баргузории чунин мусобиқаҳо ба рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими дӯстиву ҳамкории байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Дар мусобиқа варзишгарон аз 22 давлати ҷаҳон ҷамъ омада, бо ҳам рақобат менамоянд.
Дар вазни то 65 кг паҳлавони ҷавони тоҷик Ёсин Бобокалонов сазовори медали тилло гардид. Дар даври финалӣ Ёсин Бобокалонов бар паҳлавони дигари тоҷик Сарвар Абдушукуров ғолиб омад. Намояндагони Узбекистон – Дилшод Буриев ва Арётм Штурбабин соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.
Дар вазни то 78 кг паҳлавони тоҷик Маҳмадшариф Наҷмиддинов соҳиби медали тилло гардид. Медали нуқра насиби Умид Эсанов аз Узбекистон шуда, Қоим Шукронов аз Тоҷикистон ва Адилет Ахметгали аз Қазоқистон сазовори медалҳои биринҷӣ гардиданд.
Медали тиллои вазни то 86 кгро намояндаи Узбекистон Аҳрор Зиёдуллоев соҳиб гардид. Ёқубҷон Назиров аз Русия ва Раҳматуллобек Фарҳодов аз Тоҷикистон медалҳои биринҷиро соҳиб гардиданд.
Инчунин дар вазни изофаи 86 кг Шоҳруххон Бахтиёров аз Узбекистон ҳама ҳарифонро мағлуб намуда, дар даври финалӣ бо партофти ҳалол Бахтиёров бар паҳлавони кишвари мо Шарифҷон Назриев ғолиб омад. Медалҳои биринҷиро Бекмурод Олтибоев аз Узбекистон ва Ҳусейн Халмурзаев аз Русия соҳиб шуданд.
Ҳамзамон дар ин вазн паҳлавони шинохтаи тоҷик ва қаҳрамони феълии мусобиқа Шакармамад Мирмамадов аз намояндаи Туркманистон — Тейен Тейенов дар даври аввал ба таври ногаҳонӣ мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.
Байни духтарон дар вазни 70 кг медали тиллоро намояндаи Русия Камила Бадурова соҳиб шуд. Дар даври финалӣ Камила Бадурова бар ҳамватанаш ва қаҳрамони феълии мусобиқа Алена Прокопенко зафар ёфт. Алина Молдокулова аз Қирғизистон ва Юлия Гребеножко аз Украина медалҳои биринҷиро соҳиб шуданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маҳорати варзишгарон ва муаррифии гӯштингирӣ дар арсаи ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






