Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!

Апрель 8, 2026 10:20

ДУШАНБЕ, 08.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар тамаддуни башарият давоми асрҳо барои ба низом даровардани паҳлуҳои гуногуни ҳаёт қоидаҳо ва қонунҳои зиёде эҷод гардидаанд, ки бархе аз онҳо бо мурури замон аз миён рафта, баъзеи дигар дар амал татбиқ нагардидаанд ва чандеи дигар дар низоми рӯзгор асрҳо нақш бозидаанд.

Дар китоби тамаддуни башарият дар эҷоди санад ва қонуну қоидаҳо миллати тоҷик нақши мондагор дорад. Аз ҷумлаи чунин санадҳо ҳамон эъломияи Куруши Кабир аст, ки то имрӯз баъзе бандҳои он сарчашмаи санадҳои байналмилалӣ дар риояи ҳақ ва ҳуқуқи инсонҳо гардидаанд.

Воқеият он аст, ки зиндагии инсоният бе қонуну қоидаҳо низомро гум намуда, онро хараҷу мараҷ фаро мегирад.

Дар эъмори муосири давлатдории миллии мо қонунгузории соҳавӣ на танҳо танзимгари муносибатҳои ҷамъиятӣ, балки пойдевори мустаҳками пешрафти иҷтимоӣ ва некуаҳволии мардум маҳсуб мешавад. Дар ин низом Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун таҷассуми хиради азалӣ ва дурбинии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи хосса дорад. Ин санади ҳуқуқӣ посухи саривақтӣ ба хатарҳои замон буда, захираҳои ҷомеаро аз исрофкориву зоҳирпарастии беҳуда ба маҷрои созандагӣ, таҳкими иқтисоди ҳар хонавода ва ҳифзи арзишҳои асили миллӣ равона намуд. Имрӯз ин қонун ҳамчун ниҳоди беназири ҳимояи иҷтимоӣ эътироф гардида, зиндагии шоистаи насли имрӯз ва ояндаи тоҷикистониёнро кафолат медиҳад.

Сайри таърихии масъала нишон медиҳад, ки ҳанӯз аз замони аввали  расидан ба Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ вазъи ногувори расму ойин ва маъракаву маросим дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалӣ ҳанӯз аз солҳои аввали истиқлоли давлатӣ касб кардани ҷумҳурӣ дарк карда буданд, ки бо вазъи носозгори расму ойин наметавон ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Бинобар ин, масъалаи мазкур дар маҷлиси умумиҷумҳуриявӣ доир ба танзими расму ойинҳои халқӣ 9 июли соли 1999 ба миён гузошта шуд ва Сарвари давлат аз ҷумла чунин иброз намуданд: «Ба хотири расидан ба рӯзгори пурсаодат ба мо зарур  меояд, ки дар баробари ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва пеш гирифтани роҳи ободонию созандагӣ боз як силсила монеаҳои маънавиро бартараф намоем, ки садди роҳи пешрафти мо ва болоравии сатҳи зиндагии халқ мегарданд. Ман вазъи ногувори риояи расму ойинҳо ва маросиму анъанаҳои халқиро дар назар дорам, ки бе муболиға, дар роҳи пешрафт ва сохти солим ва мутамаддини иҷтимоӣ ба монеаи ҷиддӣ табдил ёфтааст».

Минбаъд ин иқдом ва пешниҳоди наҷибонаи Пешвои муаззами миллат заминаи аслии қабули Қонуни миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2007 гардид, ки он иқдоми наве дар роҳи ташаккули қонунгузории миллӣ мебошад.

Аз қабул ва амали ин қонун  18 сол сипарӣ гардида, дар ин давра ба он 6 маротиба (16 июни соли 2008, 21 июли соли 2010, 30 майи соли 2017, 28 августи соли 2017, 25 июни соли 2021) тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Бо натиҷагирӣ аз татбиқи ин қонун бо ташаббуси Пешвои миллат 20 июни соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав қабул гардид.

Ин қонун аз як ҷиҳат ҳамчун санади ҳуқуқӣ меъёрҳои ҳатмиро барои ба танзим даровардани ҷашну маъракаҳо пешбинӣ намуда бошад, аз тарафи дигар, барои аз байн бурдани хурофот ва исрофкорӣ мушкилкушо ё василае дар рӯзгори мардум гардид.

Хурофот ва исрофкориҳо дар амал барои гум гардидани моҳияти аслии ҷашну маърака ва маросим дар байни мардум реша давонда, мушкилоти зиндагии ононро даҳчанд зиёд намуд.

Хушбахтона, имрӯз қонунгузории миллӣ вобаста ба танзими ҷашну маросим бо сипарӣ шудани 18 сол, пеш аз ҳама, ҷашну маросим ва маъракаҳои моро ба асолати хеш баргардонд ва дар ин самт қадами устуворе дар шинохти хештандорӣ ва фарҳангмеҳварии миллати тамаддунофарини тоҷик гузошта шуд.

Яке аз паҳлуҳои муҳимми ин санади миллӣ дар он зуҳур меёбад, ки он адолати иҷтимоиро дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа барқарор намуд. Қонун пеши роҳи мусобиқаҳои бесуду бемаънии худнамоиро гирифта, ҷашну маросимро ба маҷрои аслияш — яъне самимият, хоксорӣ ва эҳтироми мутақобил баргардонд. Ин таҳаввулоти фарҳангӣ исбот кард, ки шарафу эътибори инсон на бо миқдори забҳи чорво ва оростани хони пурдабдаба, балки бо маърифат, сарфакорӣ ва низоми дурусти рӯзгор чен карда мешавад.

Мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур барои рушди босуръати аксар соҳаҳо замина гузошта, иқтисодиёти кишварро аз буҳронҳои ҷаҳонӣ эмин нигоҳ дошт. Имрӯз агар бо чашми хирад назар кунем, мебинем, ки тавассути амалӣ гардидани Қонуни миллӣ сатҳи зиндагӣ дар ҳар хонадон беҳбудӣ ёфт, маблағҳои аз ҳисоби сарфакорӣ бадастомада барои таъмири хона, хариди маводи зарурии рӯзгор, таълиму тарбия ва донишомӯзии фарзандон, хариди техникаву технологияи навин ва ғайра сарф мегарданд.

Фарҳанги маъракаороии мардум бо назардошти тамаддуни пешрафтаи ҷаҳонӣ ранги тоза касб кард.

Рисолати муҳимми дигари ин қонун аз он иборат аст, ки шаҳрвандон ба қадри қиматтарин арзиши зиндагӣ, яъне вақт бирасанд ва онро самаранок истифода баранд. Дигар барои баргузории маъракаву маросим рӯзҳову ҳафтаҳо сарф нагардида, дар муддати танҳо ду рӯз ва дар доираи 3 соат анҷом дода мешаванд.

Дастовардҳои дигари Қонуни миллӣ аз он иборат аст, ки тавассути он фарҳанги ниёгон ва анъанаи неки гузаштагон, аз қабили хайру эҳсон эҳё гардид.

Гузашта аз ин, имрӯз барои амалӣ намудани қонуни мазкур дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҷумҳурӣ 501 комиссияи доимии маҳаллии танзими ҷашну маросим таъсис дода шудаанд.

Ҳамчунин дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилоте, ки на камтар аз 30 корманд доранд, то имрӯз 5766 комиссияи ҷамъиятии танзими ҷашну маросим амал мекунанд.

Бояд гуфт, ки дастовардҳои қонуни миллӣ баъди амалӣ гардидан, бешубҳа,  дар  ҳама соҳаҳо зиёданд. Агар ба рақамҳои оморӣ назар афканем, дастовардҳои қонуни мазкурро боз ҳам хубтар дарк мекунем.

Масалан, қабл аз қабули қонун бо назардошти сангинии хароҷот на ҳама имкон доштанд, ки тӯйҳои домодию арӯсиро бе гирифтани қарз баргузор намоянд. Баъди амалӣ шудан қонун ба афзоиши теъдоди тӯйи домодиву арӯсӣ мусоидат намуд.

Агар соли 2007 дар ҷумҳурӣ 58426 тӯйи домодиву арӯсӣ баргузор гардида бошад, ин адад соли 2020 ба 83343 ва соли 2025 ба 101 063 расид.

Қабл аз қабули тағйиру иловаҳои ба қонун воридгардида хароҷоти як маъракаи хатнасур ба ҳисоби миёна тақрибан 3245 сомонӣ ва хароҷоти умумии ин маъракаҳо тақрибан зиёда аз 21 миллион сомониро ташкил медод. Баъд аз тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур  аз 28 августи соли 2017 хароҷоти як маъракаи хатнасур тахминан 900 сомониро ташкил мекунад, ки дар маҷмуъ барои баргузории 6714 маъракаи хатнасур, баъд аз соли 2017  маблағи зиёда аз 6 миллион сомониро дар бар мегирад. Маблағҳои сарфагардида танҳо аз ҳисоби хатнасур зиёда аз  25 миллион сомониро ташкил менамоянд.

Ҳамзамон дар ин давра хатнасури хайриявӣ ва тӯйи домодию арӯсии хайриявӣ, ки пеш аз қабули қонун ба мушоҳида намерасид, ба ҳукми анъана даромад. Давоми амали қонун дар ҷумҳурӣ 99 294 хатнасури хайриявӣ ва 5981 тӯйи домодиву арӯсии хайриявӣ баргузор гардидааст.

Дар давраи пеш аз қабули қонун дар баргузории 56 ҳазор маъракаи манъгардидаи ҷумъагӣ дар як сол беш аз 6 миллион сомонӣ (ба ҳисоби миёна дар як маърака тақрибан 880 сомонӣ) зарур меомад. Хушбахтона, бо қабули қонун ин сарфи беҳуда аз миён рафт.

Бояд гуфт, ки қабл аз тағйиру иловаҳои ба қонун воридгардида барои 33910 маъракаи чилу сол хароҷоти умумӣ дар як сол зиёда аз 113 миллион сомониро ташкил менамуд. Ин микдор маблағ баъди тағйиру иловаҳо, яъне бе додани таом баргузор намудани маъракаҳои азодорӣ ба манфиати буҷаи хонаводаҳо боқӣ монд.

Бо назардошти ҳисобҳои боло аз ҳисоби камхарҷ баргузор шудани маъракаҳо маблағи умумии ба нафъи шаҳрвандон сарфашуда дар давраи амали қонуни мазкур беш аз 40 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Давоми амали қонун дар 1,6 миллион маърака 1,2 миллион cap чорво забҳ гардидааст. Барои ин миқдор маъракаҳо дар давраи то қабули қонун эҳтимоли забҳи беш аз 2,7 миллион cap чорво вуҷуд дошт. Бо назардошти кам забҳ гардидани чорво ба манфиати шаҳрвандон зиёда аз 1,4 миллион cap чорво нигоҳ дошта шудааст.

Ҳамин тариқ, дастовардҳои Қонуни миллӣ барои ҳама соҳаҳои ҳаёти мамлакат қобили таҳсин мебошанд. Таҳлилҳои мазкур шаҳодати онанд, ки қонуни мазкур танҳо як санади танзимкунанда нест, балки он стратегияи миллии ҳифзи сармояи инсонӣ ва таъмини амнияти иҷтимоии хонаводаҳо маҳсуб мешавад. Ин қонун тавонист тафаккури ҷомеаро аз зоҳирпарастии камаршикан ба созандагии оқилона тағйир диҳад. Вақте маблағҳои зиёди сарфашуда на барои маъракаҳои якрӯзаи пуршукуҳ, балки барои илмомӯзии фарзандон ва беҳтар кардани шароити зиндагӣ сарф мегарданд, ин барои насли ояндасоз ва давлати пуриқтидор заминаи устувор фароҳам меорад.

Дар ин раванд бояд гуфт, ки дар амалӣ гардидани қонуни мазкур  дар ҷомеа саҳми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти прокуратура низ назаррас буда, он омили некуаҳволии мардум ва устовории ҷомеа мебошад.

Мақомоти прокуратура ҳамчун ниҳоди назораткунандаи иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳо дар татбиқи қонуни мазкур нақши калидӣ  мебозад. Фаъолияти ин мақомот танҳо бо ҷавобгарии ҳуқуқвайронкунандагон маҳдуд намешавад, балки ҳадафи асосӣ — пешгирӣ намудани ҳолатҳои исрофкорӣ ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии шаҳрвандон мебошад. Маҳз тавассути чораҳои эътиноии прокурорӣ дар ҷомеа тартиботи ҳуқуқӣ ҷорӣ гардида, масъулияти шахсони мансабдор ва соҳибкорон дар ташкили маъракаҳо дучанд афзудааст.

Масалан, давоми зиёла аз 18 соли баъди амали қонуни мазкур солҳои 2007-2025 аз ҷониби мақомоти прокуратура барои амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар  қишрҳои гуногуни ҷомеа якчанд корҳо ба анҷом расонида, дар ташвиқу тарғиби он саҳми арзанда дошта, зиёда аз 7000 маротиба бо аҳли ҷомеа ва кормандони ташкилоти шаклу моликияташон гуногуни ҷумҳурӣ вохӯриҳо баргузар намудаанд.

Барои дар амал татбиқ гардидани қонуни мазкур аз тарафи мақомоти прокуратура дар давраи солҳои 2007-2025 зиёда аз 2200 мартиба санҷишҳои прокурорӣ гузаронида, аз натиҷааш қариб 23 ҳазор санади эътиноии прокурорӣ, аз ҷумла ба ҷавобгарии маъмурӣ, интизомӣ, моддӣ  ва ҷиноятӣ кашидани зиёда аз 12600 шахсони мансабдор, соҳибкорон ва шаҳрвандон гузошта шуда, тибқи тартиби муқарраршуда баъд аз баррасии парвандаҳои мазкур онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Мақомоти прокуратура бо истифода аз усулҳои нави корӣ, аз ҷумла мулоқоти рӯ ба рӯ ва суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ дар ташкилот фарҳанги ҳуқуқии аҳолиро боло мебаранд. Таҳлили зиёда аз 7000 вохӯриҳо бо аҳли ҷомеа собит месозад, ки аксарияти шаҳрвандон имрӯз на аз тарси ҷаримаву ҷавобгарӣ, балки бо дарки амиқи манфиатҳои шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз исрофкории беҳуда даст мекашанд. Ҳамин тариқ, прокуратура ҳамчун ҳомии ҳуқуқ дар табдил додани меъёрҳои қонун дар танзими тарзи зиндагии шоистаи мардум саҳми арзанда мегузорад.

Аз ин ҷо бармеояд, ки яке аз ҷанбаҳои муҳимми фаъолияти мақомоти прокуратура дар ин самт таъмини принсипи баробарии ҳама шаҳрвандон дар назди қонун мебошад. Санҷишҳои пайвастаи прокурорӣ нишон медиҳанд, ки ҳеҷ шахси мансабдор ё соҳибнуфуз наметавонад бо истифода аз мавқеи худ меъёрҳои танзимро нодида гирад. Ин нукта боиси боло рафтани эътимоди мардум ба адолати иҷтимоӣ гардида, собит месозад, ки қонуни мазкур барои ҳама қишрҳои ҷомеа яксон буда, ҳадафи он саодати умумимиллӣ аст

Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ ба низом даровардани рӯзгори ҳаррӯзаи онҳо маҳсуб шуда, бешубҳа, дар шукуфоии Тоҷикистон минбаъд низ нақши сазовор мегузорад.

Чуноне ки Пешвои муаззами миллат иброз доштаанд, «боварӣ дорам, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар фурсати кӯтоҳи таърихӣ дар ҳаёти шаҳрвандон ва ҳимояи манфиатҳои онҳо натиҷаҳои мусбат ба бор овард, минбаъд низ дар таъмини зиндагии шоистаи мардум нақши муассир хоҳад дошт».

Дар ҳақиқат, имрӯз мо шоҳиди онем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» на танҳо санади ҳуқуқии муқаррарӣ, балки рамзи фарҳангиву иқтисодии миллат дар марҳалаи нави давлатдорӣ гардид. Ин иқдоми оқилона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат тавонист тафаккури ҷомеаро аз асорати хурофоту зоҳирпарастӣ раҳо карда, онро ба самти созандагӣ, илмомӯзӣ ва захираи оқилонаи сармояи инсонӣ равона намояд. Гузашта аз ин, татбиқи пайвастаи ин қонун бо нишон додани нақши калидии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокуратура собит сохт, ки тартиботи ҳуқуқӣ ва фарҳанги миллӣ метавонанд дар таносуби комил қарор гиранд. Риояи талаботи ин санади тақдирсоз на танҳо вазифаи ҳуқуқӣ, балки нишони баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар назди наслҳои оянда мебошад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ин қонуни миллӣ ҳамчун омили калидии суботи иҷтимоӣ ва шукуфоии иқтисодӣ Тоҷикистонро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва тамаддуни пешрафтаи ҷаҳонӣ устувор ва сарбаланд нигоҳ медорад.

Фурқат ХОҶАЗОДА,
сардори Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
мушовири давлатии адлияи дараҷаи  3

Апрель 8, 2026 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Истифодаи панелҳои офтобӣ дар Тоҷикистон метавонад ба унсури муҳими таъмини истиқлолияти энергетикӣ табдил ёбад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ ВА РИСОЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ. Андешаҳо дар ин маврид