Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид

Апрель 8, 2026 09:20

ДУШАНБЕ, 08.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим 7 апрел  дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти раиси кумита Муҳаммадсаид Файзуллозода ва директори Идораи бахши кишоварзӣ, озуқаворӣ, табиат ва рушди деҳоти Бонки Осиёии Рушд Ҷянфэн Чжан мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи бехатарии озуқаворӣ хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд солҳои охир тамоюли рушд дошта, ба татбиқи якчанд лоиҳаи муҳими иҷтимоию иқтисодӣ, махсусан дар соҳаи кишоварзӣ ва таъмини бехатарии озуқаворӣ мусоидат менамояд.

Ҳамчунин ҳамсуҳбатон ба масъалаҳои амалӣ намудани технологияҳои муосир дар истеҳсолоти кишоварзӣ, рақамикунонии соҳа, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи аграрӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ аз дастгирии пайваста ва саҳми назарраси Бонки Осиёии Рушд дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок  дар Тоҷикистон ёдовар шуд. Иброз гардид, ки ин ҳамкорӣ дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши калидӣ мебозад.

Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории минбаъда, ҷалби сармоягузориҳои нав, татбиқи барномаҳои муштарак ва таҳияи лоиҳаҳои навро, ки ба рушди бахши аграрӣ, баланд бардоштани сатҳи амнияти озуқаворӣ ва таъмини рушди устувори деҳот равона шудаанд, мавриди табодули афкор қарор доданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо изҳори умедворӣ карданд, ки натиҷаҳои он ба таҳкими бештари ҳамкорӣ  ва татбиқи самараноки лоиҳаҳои ояндадор мусоидат менамоянд.

АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 8, 2026 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид