Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд

Апрель 1, 2026 18:30

ДУШАНБЕ, 01.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Шоҳмурод Рустам бо Сафири Ҷумҳурии Туркия Умут Аҷар вохӯрӣ намуд.

Шоҳмурод Рустам изҳор дошт, ки ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркия давоми 34 сол бо ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии давлатҳоямон- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган рушд меёбанд.

Иброз гардид, ки давоми ин муддат байни Тоҷикистон ва Туркия заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд, ки беш аз 80 санади муҳимро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маориф ва фарҳанг дар бар мегирад.

Таъкид карда шуд, ки яке аз самтҳои калидӣ ва меҳварии ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Туркия робитаҳои байнипарламентӣ маҳсуб мешаванд. Гурӯҳи дӯстии байнипарламентӣ фаъол буда, аз соли 2000 амал менамояд.

Ҳамзамон иброз гардид, ки мавқеи Тоҷикистон ва Туркия нисбат ба масъалаҳои умдаи байналмилалӣ ва минтақавӣ низ наздик буда, дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба  монанди Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди байнипарламентӣ, Созмони ҳамкории исломӣ бо назардошти манфиати мутақобили судманди тарафҳо ташаббусҳои ҳамдигарро ҷонибдорӣ менамоянд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 1, 2026 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд