ШЕЪРИ ТУРСУНЗОДА БӮИ ИШҚ, БӮИ ҶАВОНМАРДӢ ВА БӮИ ВАТАН МЕКУНАД. Эҳдо ба 115-солагии Мирзо Турсунзода

Апрель 12, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 12.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи «Ҷадвали  баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» имсол дар мамлакат 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода таҷлил карда мешавад. Ҳамчунин моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе бахшида ба ин сана дар мавзуи «Мирзо Турсунзода- шоири миллӣ ва шахсияти барҷастаи ҷаҳонӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар зер нигоштае дар мавриди дурахши навоварӣ ва ҳунар дар шеъри Мирзо Турсунзода ва тасвирҳои шоиронаи ашъори адиб манзури хонандагон гардонида мешавад.

Аз замин нонрезаҳоро…

Устод Мирзо Турсунзода шоирест, ки аз байни халқ баромадааст. Ӯ дар як хонадони одии деҳаи кӯҳистон тарбият ёфтааст. Аз саргузашти халқ, аз таърихи воқеиву зиндаи он, одоби миллӣ, суннату ойинҳо, мушкилоту фоҷиаҳои ба сари мардум омада, ормонҳои миллии халқаш ба хубӣ огоҳ аст. Ӯ ин ҳамаро аз дилу аз сар гузаронидаву дар пӯсти худ эҳсос намудааст. Ба ҷуз ин ӯ фарзанди содиқу бовафо ва ҷоннисори ҳамин диёр аст, ватанашро дӯст медорад. Ӯ дар тасвирҳои шоиронааш аз ин дониш истифода мекунад ва ҳамин сифату ҳамин огоҳист, ки ашъори ӯ шираи маърифати халқро дорад, бо забони халқ наздику фаҳмост. Аз ҳамин рӯст, ки сухани ӯ дар ин мавзуъҳо равшану равону табиист:

Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм,
Нони халқи меҳнатиро дида мемолам ба чашм…

Чи қадар фалсафаву одобу ойини неки халқ таҷассум ёфтааст дар ин як байт. Аз роҳҳо чидани нонреза, ба чашмҳо молидани нон — ин тасвири зебо бо ҳадафҳои маънавие, ки ин байт баён мекунад, на байт, балки як алмоспораи дурахшони маънавиву шоиронаест, ки дар он ҳам ҳунару диди шоирона, ҳам рӯшанбаёнӣ, ҳам тасвирнигории олӣ ва ҳам илқои маъниву одоби бузург ифода ёфтааст.

Дар мисраъҳои баъдина тасвир аз пайи тасвир ба ҳамин услуби дилпазиру зебо меояд ва ба шумо як ҷаҳон завқи маънавӣ мебахшад:

Чунки ман ҳам дар замони худ даравгар будаам,
Хӯшачину боғбанду дос дар бар будаам.

Ва хонанда на ин ки огоҳӣ аз ин касбу ҳунари гандумкориву даравгарӣ меёбад, балки манзари зебои онро беҳтар аз ҳар наворе ба чашм мебинад:

Гӯш мекардам суруди марди хирманкӯбро,
Мешунидам зарбҳои говрона-чӯбро.

Ва минбаъд тасвирҳои шоирона хонандаро бо манзараҳои воқеии он замон ва мардуми он замон ошно мегардонанд, ки наметавон онро бе риққати дил пазируфт:

Побараҳна, дилгурусна сарсари кӯҳу адир,
Хӯрҷин дар китф мегаштам чу як марди фақир.

Ҳамин манзараи кӯчак тавонистааст тамоми фоҷиа ва мушкили рӯзгори он замонро дар худ таҷассум кунад. Чӣ қадар ҳунармандона бо бадеияти баланд ва тасвирҳои зебои шоирона баён ёфтаанд андешаҳои шоир дар ин мисраъҳо:

Рӯзу шаб чун коҳҳои монда дар саҳро будам,
Дар парешонӣ чу боди бесару бепо будам.

Ҳамин чанд байти кӯтоҳ кофӣ буд, ки шоир тамоми тасвиру манзараи он рӯзгорро муҷалло ба қалам бидиҳаду як олам маъниву тасвирро дар он бигунҷонад.

Аммо баъд шоир дар ин шеър тавассути як вожаи «кунун» гардиши ғайричашмдошт мекунад ва ноаёну ҳунармандона имрӯзро бо дирӯз пайванд медиҳад:

Нонвои шаҳр меояд кунун дар пушти дар,
Нони гарми хешро бардошта вақти саҳар.

Ва ин манзара: нони гарми саҳар дар пушти дар, албатта, рамзи сериву пурии замона, рамзи шодбошии рӯзгори хушбахтонаи нав аст.

Шеърро мехонед ва машоми шумо аз бӯи нони гарм муаттар мешавад. Ин аст ҳунари шоир, сеҳри сухани шоиронаву бамаврид гуфтаи ӯ:

Кӯчаҳоро пур кунад аз бӯи нони ширмол,
Пур кунад хони арӯсон дар шаби тӯи висол…

Воқеан шеъри устод Мирзо Турсунзода на фақат бӯи нон, бӯи меҳр, бӯи ишқ, бӯи ҷавонмардӣ, бӯи сиришти нек, бӯи хайрхоҳӣ ва дар маҷмуъ бӯи Замин — бӯи Ватан мекунад. Чунон ки дар шеъри «Нонреза» дидем, як вижагии ашъори Турсунзода, хусусан шеърҳое, ки аз зиндагии мардум ва табиати диёр гирифта шудаанд, дар он аст, ки ӯ огоҳии комил аз ин мавзуъҳо дорад ва бардоштҳояш ҳаргиз зоҳириву сатҳӣ нестанд. Барои далел метавон шеъри «Чӯпон»-ро мисол овард. Вақте ки ин тасвирҳои дилпазир, ин манзараҳои зебои шоирона таҷассумшударо мехонед:

Чӯпон ба сари сангу чаридан рама дорад,
Аз санг ба харсанг паридан рама дорад.
Бӯи гули кӯҳию алафзори чарогоҳ
Дар панҷаи бод асту давидан рама дорад.
Чун абри сафеде, ки гирифтаст фазоро,
Чодар ба сари сабза кашидан рама дорад,
Сарчашма занад ҷӯш, аз он барра кунад нӯш,
Аз ҷӯи сафобахш паридан рама дорад…,

яқин мекунед, ки устод Турсузода огоҳии хубе аз чупониву рамачаронӣ дорад, балки дар наврасиҳо чӯпонӣ ҳам кардааст.

Ба замми он, ки дар ин тасвир бо камоли маҳорати як рассоми чирадаст манзараҳои рамаву дара ба қалам омадаанд, баёнҳое чунин шоирона «дар панҷаи бод будани бӯи гули кӯҳиву алафзор», «чодар ба сари сабза кашидани абри сафед» аз бозёфтҳои шоиронаи устод Турсунзода мебошанд.

Бо бӯи замин

Банда як кашфиёти бузургро дар шеъри устод Турсузода мушоҳида кардаам. Биёед, аввал далел меорам, таваҷҷуҳ кунед ба ин байтҳо кунед:

Дар фазо парвоз кардам гарчи аз рӯи замин,
Чашмро аммо намекандам ман аз сӯи замин.
Бо ситора ҳамнишин, бо моҳ гаштам ҳамнафас,
Лек будам сархушу сармаст аз бӯи замин.

Агар Нютон Қонуни кашиши заминро дар илм кашф карда бошад, маҷозан мегӯем, ки ба андешаи мо устод Турсунзода Қонуни маънавии кашиши замини Ватанро кашф кардааст, ки ҷои баҳс надорад. Зеро дар саросари ин шеър неруи ин кашиш ба тасвир омадаву эҳсос мешавад ва ин фалсафа, яъне фалсафи неруи кашиши замини Ватан дар шеъри «Оҳанрабо» бо далелҳои шоирона нишон дода шудааст:

Чунки инсонро фазои дилкушо гардидаӣ,
Халқ чун оҳан, ту чун оҳанрабо гардидаӣ.

Чи қадар зиндагӣ, чи қадар руҳбаландӣ, бовару эътимод – он меъёрҳое, ки инсонро сарбаланд медоранд, баён мешаванд дар шеъри устод Турсунзода:

Зинда кардам дар замин ман шуълаи хомӯшро,
Бо сухан дар ҷӯш овардам дили беҷӯшро,
Ман ба ҳар як тифли аз модар бадунёомада
Боз кардам аз сари сидқу вафо оғӯшро.
Бо замин, бигзор, ки пайванд бошад пойи ман,
Дар замин, бигзор, ки бошад муқаррар ҷои ман,
То абад, бигзор, бошад шуълаафкан, шуълабор
Он чароғе, ки фурӯзон гашт дар маъвои ман!

Замин-модар дар шеъри Турсунзода ҷисми ҷондор ва ҳассос аст. Шоир табиатро мисли инсони зинда дамеёбаду ба тасвир мегирад:

Боғбон боғи ҷавонро ба буридан сар кард,
Шираи ток чу ашке ба чакидан сар кард.
Синаи хок — дили модари деринаи мо
Чун дили дардкашида ба тапидан сар кард.

Ин манзараи муассирро бубинед, ки чи гуна ҳунармандӣ, дид ва мушоҳидаи шоиронаи Турсунзодаро равшану зебо бо мо нишон медиҳад. Ин қадар таъсирбахш, рехта ва шоирона!

Дар ин пораи шеъри кӯчак, ки «Ток ва замин» унвон гирифтааст, бо тасвирҳое, ки саросар рамз аст, пайванди инсону замин, фалсафаи ягонагии инсону табиат хеле маънидор, нишонрас ва шоирона зебо ба қалам омадааст:

Решаи ток, ки дар зери замин маскан дошт,
Бо замин ваъдаи як умр вафо кардан дошт,
Аз дами хоки сияҳ, аз нафаси гарми баҳор
Ток болида амал кардану сабзидан дошт.

Шояд устод Мирзо Турсунзода ягона шоирест, ки бештар аз дигарон ситоиши заминро карда бошад, аммо ин ситоишҳо ба ҷуз он ки бори гарони заминро мекашанду фалсафаи инсону заминро ба таҳқиқ мегиранд, самимияту муҳаббати фарзандонаи инсонро ба замин бо забон ва тасвирҳои ноби шоирона ба қалам медиҳанд, ки наметавон аз сари онҳо безавқ ё бетаваҷҷуҳ гузашт. Масалан, ин қитъаи шеър бо ҳунари комил ва тасвирҳои хеле тозаи шоирона гуфта шудааст:

Сабр кун, то сер бинад чашми ман рӯи замин,
То барам бо хеш чун атри кафан бӯи замин.
Сабр кун гардад парешон ҳар саҳар дар гирди мо
Шуълаи хуршед чун заррина гесӯи замин.

Бо хеш бурдани “атри замин чун бӯи кафан” ва тасвири ҳар саҳар “парешон гардидани шуълаи хуршед чун гесӯи заррини замин” бозёфти зебои шоиронаи устод Турсунзода аст.

Бо шеъри ноби Турсунзода хонандаи хушзавқу закӣ пайваста вориди дунёи нотакрору мунаққаши шоирона мегардад, аз ҳар зуҳуроти табиат завқ мебардорад, нерӯ мегирад. Ва ин ҳама тасвирҳои дилпазир дар шеъри Турсунзода барангезандаи беҳтарин ва баландтарин эҳсосоти инсониянд. Аз ҷумла:

Имрӯз баъди борон тирукамон баромад,
Байроқи навбаҳорон партавфишон баромад.
Аз қатраҳои борон дар офтоби тобон
Рухсора тар намуда абрукамон баромад.
Бо рангҳои дилкаш, бо чеҳраи мунаққаш
Ҳусни замин дамида фавворасон баромад…

Ин сатрҳо чунон ҳунармандона гуфта шудаанд, ки лозим нест манзараҳои дар он бақаламомадаро хонанда тасаввур кунад, зеро мисраъ ба мисраъ худи шеър ин манзараҳоро пеши назаратон бо ҳама шукуҳ ҷилвагар менамояд:

Аз кӯҳ то ба кӯҳе, аз дашт то ба даште
Товуси хушхироми Ҳиндустон баромад…

Рассоме чирадаст мебояст, ки тасвире чунин фарогирро ҳамин гуна зиндаву эҳсосшаванда мисли устод Турсунзода ба қалам дода тавонад.

Вусъати ҳаёт ва фаъолияти Мирзо Турсунзода, ин фарзанди наҷиби халқи тоҷик, ки тавонистааст мақоми башарӣ гирад, чунон фарогир аст, ки ӯ аз баландии осмон метавонад қитъаҳоро назора намудаву дарк намояд ва андешарониву арзёбӣ кунад:

Аз замин беҳтар барои мо дигар сайёра нест,
Беҳтар аз он дидаи моро раҳи наззора нест.
Ҷуз заминро ҳифз кардан аз балоҳои азим,
Аз барои насли инсон ҳеҷ дигар чора нест.

Ин тасвирҳо имрӯз ҳам замонавӣ буда, аҳамияти худро гум накардаанд, балки бештар аз дирӯз аҳамият доранду ба дарди одамизод мехӯранд ва раҳнамои роҳи дурусти наҷоти инсониятанд.

Бӯйи Ватан

Вожаи дигари муқаддас дар шеъри Турсунзода, ки бо назари тоза ва камоли шоирӣ мавриди тасвир қарор гирифтааст, вожаи «Ватан» аст.

Тозагониву навовариҳои устод Турсунзода дар тасвири Ватан на як бор мавриди гуфтугузор қарор гирифтааст ва мо ҳам дар ин хусус изҳори андеша доштаем.

Устод Турсунзода аз он нахустин шоиронест, ки бар акси ситоишу тавсифи урён ва шиоргунаи ватансароёни он замон кӯшидааст симои Ватан, ормонҳои миллии халқи худро дар пероҳани сухани бадеъ, дар ҳолаи табиати зебои кӯистони диёр, чашмасору хоки зархези Тоҷикистон, заҳмати ҳалоли мардумонаш бо эҳсосоти баланд ва тасвирҳои таъсирбахш ба қалам бидиҳад.

Гумон мекунам, ин маънӣ ҷойи баҳс надорад, ки фалсафаи муҳаббати Ватанро касе шоиронатару волотар аз устод Турсунзода ба қалам надодааст ва барои исботи ин андеша овардани ҳамон қитъаи машҳур ва вирди забони ӯ кофист:

Ватан дар ҳар куҷо форам ба сар омад ҳавои ту,
Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту,
Агарчи дар миён тӯфону мавҷи баҳрҳо буданд,
Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту.

Ин истеъдоди бузург ва муҳббати беназири ватандӯстонаи устод Мирзо Турсунзода аст, ки тавонистааст чунин эъҷоз кунад, ки садои рӯдҳои Ватан баландтар аз овову наъраи тӯфонҳои баҳру уқёнусҳо садо диҳанд ва ин қадар фосилаҳои бузург, ҳазорон фарсахро пушти сар карда, ба гӯшаи дигари олам, ба гӯши шоир бирасанд. Ва аз ҳама шигифтангез ин аст, ки ин ҳама муболиға нест, ҳақиқат аст, боварибахш аст ва наметавон онро инкор кард.

Вожаи муқаддаси Ватан дар шеъри Турсунзода ҷилову дурахш ва сеҳри хоссаи худро дорад. Ва ин ҷилоест, ки дили шуморо равшан мекунаду сеҳрест, ки худи шуморо тасхир месозад. Ва шумо низ таслими ин муҳаббат худро «ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан» эҳсос менамоед ва шумо ҳам «ба овози дуруди ватан ва ба оҳанги суруди ватан» «дар замини ӯ менишинеду дар ҳавои он парвоз мекунед».

Маҳз устод Мирзо Турсунзода фалсафаи дигари ватандориро ба мо талқин менамояд, ки метавон ва бояд дур аз Ватан ҳам бо Ватан бошӣ ва ин гуфтаҳои худро ӯ бо тамоми ҳастӣ, зиндагӣ ва фаъолияти шарафмандонаи худ собит кардааст. Аз ин рӯ ҳуқуқ дошт бо садои баланд нидо кунад:

Агарчи борҳо афтодам аз ёру диёрам дур,
Ба сайёҳӣ маро карданд агарчи дӯстон машҳур,
Вале ман дар ҳама, ҷо дар ҳама кунҷу канори даҳр
Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.

Устод Мирзо Турсунзода, ки вожаи «қасам» дар ашъораш яке аз вожаҳои калидӣ ва дурахшон аст, дар шеъри машҳур ва баланди худ бо номи «Савганд» савганди инсонию шоирии худро дода, ҳама умр ба он содиқ мондааст ва агар назари нек андозем, мебинем, ки воқеан ҳар шеъри устод савганду ниёиши шоиронаи вафодориву ватандориву инсонигарист.

Ба қасам то абад вафо кардан
Сарбаландии ҳар як инсон аст.
Ҳам қасам хӯрда, ҳам адо кардан
Ин фақат кори ҷумла мардон аст.

Имрӯз мо медонем, ки ин суханони устод Турсунзода суханони хушку холӣ набуданд. Устод Турсунзода бо зиндагӣ ва эодиёти ҷоннисорона, бо ҳаёту фаъолияти муҷалло, дар баҳои ҷони бедареғ дар хидмати халқу Ватан додаи худ инро ба таври дурахшон исбот кардааст.

Ҳаминро метавон илова кард, ки кам шоире тавонистааст ба мисли Мирзо Турсунзода ифтихори миллӣ, муҳаббати ватандӯстонаи худро бо мавзуъҳои ҷиддии башарӣ чун озодӣ, сулҳу дӯстӣ ва якдилии халқҳои олам пайванди ногусастанӣ дода бошад.

 Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

Апрель 12, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?