ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 апрел, ҷумъа, 107-умин рӯзи соли 2026 аст

Апрель 17, 2026 08:00

17 апрели соли 2025 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

***

17 апрели соли 2022  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.

***

17 апрели соли 2023  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии  «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд.

***

17 апрели соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2003 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори ширкати «Джи Эн Ай Инвестмент ЛТД» Натаниел Ротшилдро ба ҳузур пазируфтанд.

***

17 апрели соли 2015 дар хиёбони Рӯдакии пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони маҷмааи нави биноҳои маъмурии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшида шуд.

***

17 апрели соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро, ки барои иштирок дар мулоқоти нуҳум ба шаҳри Душанбе омада буданд, ба ҳузур пазируфтанд.

***

17 апрели соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд.

***

17 апрели соли 2025 дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

17 апрели соли 2025 дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Санкт-Петербург Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот анҷом доданд.

***

17 апрели соли 2025 дар доираи ҷаласаи навбатии Шуро ва ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд.

17 АПРЕЛ:

Рӯзи умумиҷаҳонии бемории гемофилия.

РӮЙДОДҲО:

Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи 23-юми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир гардид.

***

17 апрели соли 2021  бинои шуъбачаи милитсияи деҳоти «Сангтӯда»-и шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар Ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара ифтитоҳ карда шуд.

***

17 апрели соли 2007 дар шаҳри Душанбе аввалин форуми тиҷоратӣ байни  Тоҷикистону Латвия баргузор гардид.

***

17 апрели соли 2003 дар шаҳри Душанбе Комиссияи байнипалатагии парлумонӣ оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия доир шуд.

***

17 апрели соли 2009 дар машқгоҳи низомии Фахробод машқҳои зиддитеррористии якҷояи кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай «Норак – Антитеррор – 2009» баргузор шуданд.

Апрель 17, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш