ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 апрел, шанбе, 108-умин рӯзи соли 2026 аст
18 апрели соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар доираи сафари давлатӣ мулоқоти хоссаи Сарони давлатҳо ва табодули санадҳои нави имзошудаи ҳамкорӣ баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 дар толори бошукуҳи «Кохи Борбад» барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон бо номи «Дӯстии ҷовидон» баргузор гардид. Дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, иштирок намуданд.
***
18 апрели соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои Шурои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шенкунро, ки барои иштирок дар мулоқоти навбатии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.
***
18 апрели соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Намояндаи доимии Барномаи рушди ин Созмон дар Тоҷикистон Александр Зуевро ба ҳузур пазируфтанд.
***
18 апрели соли 1998 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуданд.
***
18 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷамъияти саҳомии Ширкати миллии Роҳи оҳани Қазоқистон Аскар Мамин мулоқот намуданд.
***
18 апрели соли 2025 дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев мулоқот анҷом доданд.
***
18 апрели соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Қасри Таврии шаҳри Санкт-Петербург дар кори ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд
18 АПРЕЛ:
Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ.
***
Рӯзи ҷаҳонии радиодӯстдорон.
***
Рӯзи байналмилалии сирк
РӮЙДОДҲО:
8 апрели соли 2022 сафирони Тоҷикистон ва Гватемала рушди муносибатҳо ва тақвияти ҳамкории ду давлатро баррасӣ намуданд.
***
Дар ин рӯз, 18 апрели соли 2014 дар Душанбе масъалаи рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ҷопон муҳокима гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар пойтахти Тоҷикистон намоиши донишгоҳҳои Қазоқистон доир гардид.
***
18 апрели соли 2018 Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.
***
18 апрели соли 2010 ду шаҳрванди Тоҷикистон бо дучархаҳо ба сайри ҷаҳон баромаданд.
***
18 апрели соли 1925 Шурои байналмилалии радиодӯстдорон таъсис ёфт.
***
Соли 2014 олими шинохтаи тоҷик — академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Далер Почоҷонов барандаи ҷоизаи гуманитарии ИДМ «Ҷоизаи Иттиҳод» дар соҳаи илм ва маориф гардид.
***
Соли 1922 дар шаҳри Москва дастаи футболи МКС (ҳоло «Спартак»-и Москва) таъсис ёфт.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Фотеҳ Ниёзӣ — соли 1914 — Нависандаи халқии Тоҷикистон. Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
***
Бозор Назриев — соли 1938 — профессор, доктори илми риёзӣ








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 апрел, ҷумъа, 107-умин рӯзи соли 2026 аст






