ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 апрел, шанбе, 115-умин рӯзи соли 2026 аст

Апрель 25, 2026 08:00

25 апрели соли 2025 кумакҳои навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз масолеҳи сохтмонӣ ба зарардидагони заминларза дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод фиристода шуданд.

***

25 апрели соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба муносибати муҷаддадан интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии  Фаронса барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

***

25 апрели соли 2023  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба бунёду навсозии «Қитъаи роҳи автомобилгарди Бохтар — Левакант ва Левакант — Лолазор»-и роҳи байналмилалии Бохтар – Левакант – Данғара — Кӯлоб оғоз бахшиданд.

***

25 апрели соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, воқеъ дар ин мамлакат мулоқоти самимӣ доир намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Италия дар шаҳри Рим бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) Чу Донюй мулоқот намуданд.

***

25 апрели соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо узви Шурои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мэн Ҷянҷу мулоқот намуданд.

***

 25 апрели соли 2017 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, генерал Ҷозеф Л. Вотелро ба ҳузур пазируфтанд.

25 АПРЕЛ:

Рӯзи ҷаҳонии пингвингҳо.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории вараҷа.

РӮЙДОДҲО:

25 апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон баргузор шуд

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар шаҳри Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон — 2024 баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе нишасти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба муносибатҳои иқтисодӣ ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Беларус доир гардид.

***

25 апрели соли 2013 Раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов бо унвони фахрии «Доктор права»-и Донишгоҳи давлатии Италия «Ла сапиенца» мукофотонида шуд.

***

25 апрели соли 2014 дар шаҳри Пекин таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаҳои навбатии Шурои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Гурӯҳи кории коршиносон оид ба масъалаҳои васеъшавии созмон, инчунин машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар мавзуи «Ҳамкорӣ байни хадамоти иттилоотии вазоратҳои корҳои хориҷӣ оид ба раванди инъикоси иттилоотии фаъолияти Созмон» баргузор шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 ҷудочии тоҷик Сомон Маҳмадбеков барандаи мусобиқаи Ҷоми кушодаи Африқо гардид.

***

25 апрели соли 2018 вакилони палатаи поёнии Парлумони  Тоҷикистон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистонро  оид ба фаъолияти  намояндагони сарҳадӣ ба тасвиб расониданд.

***

25 апрели соли 1996  нахустин ҳафтаномаи хусусии «Чархи гардун» нашр гардид.

***

25 апрели соли 1954 маркази таҳқиқотии амрикоии «Белл телефон» оид ба сохтани батареяҳои офтобӣ хабар дод.

***

Соли 1719  дар Лондон аввалин романи Даниэл Дефо дар бораи  Робинзон Крузо интишор шуд.

***

Соли 1901 дар Ню-Йорк аввалин маротиба дар ҷаҳон рақамҳои мошин мавриди истифода қарор дода шуданд.

Апрель 25, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 апрел, ҷумъа, 114-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, панҷшанбе, 113-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 апрел, чоршанбе, 112-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 апрел, сешанбе, 111-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 апрел, душанбе, 110-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, якшанбе, 109-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 апрел, шанбе, 108-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 апрел, ҷумъа, 107-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 апрел, панҷшанбе, 106-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 апрел, чоршанбе, 105-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 апрел, сешанбе, 104-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 апрел, душанбе, 103-юмин рӯзи соли 2026 аст