ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 апрел, сешанбе, 118-умин рӯзи соли 2026 аст

Апрель 28, 2026 08:00

28 апрели соли 2022  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Офтобрӯяи деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80-ро мавриди истифода қарор доданд.

***

28 апрели соли 2022  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара  марҳилаҳои 3 ва 4-уми Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи  «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил»-ро ифтитоҳ намуданд.

***

28 апрели соли 2010 дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи панҷуми Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои саромоягузорӣ доир гардид.

***

28 апрели соли 2017 дар ноҳияи Синои пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба бунёди бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино санги асос гузоштанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба имзо расид.

28 АПРЕЛ:

Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат.

РӮЙДОДҲО:

28 апрели соли 1936 дар Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии масолеҳи сохтмонӣ кушода шуд.

***

28 апрели соли 2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба мубориза бар зидди маблағгузории терроризми байналмилалӣ ҳамроҳ шуд.

***

28 апрели соли 2011 ба муносибати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» бо ташаббуси  намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид ҷамъомади илмӣ доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар Тоҷикистон Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн таъсис ёфт.

***

28 апрели соли 2014 вохӯрии нахустини ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин баргузор гардид.

***

Соли 1929 нахустин Конститутсияи Тоҷикистон қабул карда шуд.

***

Соли 1919 оинномаи Лигаи миллатҳо қабул гардид.

Апрель 28, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш