ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 апрел, панҷшанбе, 120-умин рӯзи соли 2026 аст
30 апрели соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Олжас Бектеновро ба ҳузур пазируфтанд.
***
30 апрели соли 2015 зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан масоили вобаста ба ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуд.
***
30 апрели соли 2022 дар пайравӣ бо ташаббусу иқдоми инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи Иди саиди фитр ба зиёда аз 7 ҳазору 500, аз ҷумла 1 ҳазору 251 нафар ятимони кулл, бепарасторону маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманд туҳфаҳои идона тақдим карда шуданд.
***
30 апрели соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд.
30 АПРЕЛ:
Рӯзи умумиҷаҳонии ҷаз.
***
Рӯзи сӯхторхомӯшкунандагон дар Русия.
РӮЙДОДҲО:
30 апрели соли 2014 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020”-ро тасдиқ намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Бонки ҷаҳонӣ рейтинги кишварҳои ҷаҳон аз рӯи фоизи истеҳсоли неруи барқ аз сарчашмаҳои барқароршавандаи энергияро нашр намуд, ки Тоҷикистон дар он мақоми 6-умро касб кард.
***
30 апрели соли 2023 дар деҳаи Куҳандиёри Ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор коргоҳи коркарди шолӣ ва бастубанди биринҷ, истеҳсоли орди навъи якуму олӣ, хӯроки чорво ва шоназании пахта ба истифода дода шуд.
***
30 апрели соли 1949 Неругоҳи барқи обии «Варзоби Поён» ба кор даромад.
***
30 апрели соли 1963 истгоҳи нави Роҳи оҳани «Душанбе» ба кор оғоз намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар Душанбе ҷаласаи 11-уми Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ доир шуд.
***
30 апрели соли 2014 дар шаҳри Ар-Риёз Форуми байналмилалии иқтисодии «Лигаи давлатҳои араб + Осиёи Марказӣ + Озарбойҷон» ба кор оғоз намуд.
***
30 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Сюзан Эллиотт доир гашт.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар Душанбе созишномаи грантӣ оид ба беҳтар намудани бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ба имзо расид.
***
Соли 1789 Ҷорҷ Вашингтон бо ҷонибдории ҳама овозҳо аввалин президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интихоб шуд.
***
Соли 1939 дар шаҳри Ню-Йорк намоишгоҳи байналмилалии саноатӣ ифтитоҳ гардид.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 апрел, чоршанбе, 119-умин рӯзи соли 2026 аст






