Ҷудочиёни тоҷик аз Чемпионати Осиё–2026 бо 5 медал ба Ватан баргаштанд
ДУШАНБЕ, 20.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз варзишгарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо аз Чемпионати Осиё–2026 бо 5 медал ба Ватан баргаштанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ “Ховар” Меҳрони Қурбон.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе варзишгаронро Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндагони мақомоти давлатӣ, доираҳои варзишӣ ва ҳаводорони сершумори варзиш бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифтанд.
Зимни маросими истиқбол аз ҷониби масъулин гуфта шуд, ки дастовардҳои варзишгарон далели равшани рушди устувор ва таҳкими мактаби миллии гӯштини ҷудо буда, саҳми онҳо дар муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ арзандаи таҳсин мебошад.
Аз ҷониби Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир ба ҳар як варзишгари ҷоизадор туҳфаи пулӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар рақобатҳои пуршиддати сатҳи баланди Чемпионати Осиё паҳлавонони тоҷик натиҷаҳои назаррас ба даст оварда, обрӯ ва эътибори варзиши миллиро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштанд.
Ёдовар мешавем, ки паҳлавонони тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг ва Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг ба гирифтани медалҳои тилло мушарраф гардиданд. Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг медалҳои нуқраро соҳиб шуданд. Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг байни занон сазовори медали биринҷӣ гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






