11 май Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ расман ифтитоҳ мегардад

Май 7, 2026 09:01

ДУШАНБЕ, 07.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. 11 май дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

11 май дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Форуми  «Сармоягузорӣ ба оянда: Дурнамои минтақавӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ» оғоз мегардад.

11 май дар «Кохи Сомон» намоишгоҳи илм ва инноватсия ва ифтитоҳи расмии конфронс баргузор карда мешавад.

12 май дар «Кохи Сомон» барномаҳои шарикӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ-модели ҳамкории минтақавӣ ва табодули дониш муаррифӣ  мегарданд.

Дар ҳамин рӯз ҷаласаи якҷоя ба хотири устуворӣ-ҳамгироии тадбирҳои мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳифзи гуногунии биологӣ ва барқарорсозии замин ба манфиати таъсиси системаҳои устувории агроозуқаворӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, таъсиси системаҳои агроозуқавории тобовар ба таъсироти берунӣ доир карда мешаванд.

13 май дар «Кохи Сомон» ҷаласаи робитаи байни захираҳои обӣ, энергетика, озуқаворӣ ва экосистемаҳо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, дурнамои стратегии минтақавӣ ва таҳлили дурнамо, натиҷаҳои минтақавӣ, афзалият ва ҳадафҳо дар соҳаи рушди устувор, чорабинии стратегияҳои рақамии дигаргунсозии системаҳои агроозуқаворӣ ва чорабинии шарикии бисёрҷонибаи ҷаҳонӣ дар соҳаи биоиқтисод доир мегарданд.

14 май дар «Кохи Сомон» чорабинии мувозӣ: маблағҳои сармоягузорӣ: роҳ аз идеяи лоиҳа то ҷалби маблағгузорӣ, амалисозии тадбирҳо барои ҳифзи гуногунии биологӣ, Соли байналмилалии занони деҳқон – 2026. Тавсеи ҳуқуқу имконоти занони деҳқон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ гузаронида мешавад.

Инчунин 14 май дар «Кохи Сомон» муҳлат ва макони баргузории  чорабинии навбатӣ тасдиқ карда мешавад.

15 май иштирокчиёни конфронс ба дараи Алмосии шаҳри Ҳисор сафар мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштироки зиёда аз 550 нафар меҳмонон аз 54 давлати аъзою нозир ва 20 ташкилоти байналмилалию минтақавӣ ба таври ҳузурию маҷозӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон дар он вазирон, муовинони вазир, сафирон, роҳбарони намояндагиҳо ва ташкилоти байналмилалию минтақавӣ иштирок менамоянд.

Директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Чу Донгюй ва 3 муовинаш расман тасдиқи иштироки худро дар ин конфронс пешниҳод намуда, барномаи ташрифи он ба Вазорати корҳои хориҷӣ низ пешниҳод гардидааст.

Ҳадафи асосии Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ фароҳам овардани платформаи расмӣ барои иштирокдорон аз Аврупо ва Осиёи Марказӣ барои муҳокимаи мушкилот, муайян кардани афзалият (рушди устувори озуқаворӣ, рушди деҳот, истифодаи оқилонаи захираҳо) ва андешидани тадбирҳо бобати тағйир додани низомҳои кишоварзӣ ва озуқаворӣ ба хотири ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мебошад.

Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ду даҳсолаи  охир барои баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши калидӣ бозидаанд. Ин ташаббусҳо, пеш аз ҳама, ба масъалаҳои об, иқлим, рушди устувор ва ҳамкории байналмилалӣ равона гардидаанд. Имрӯз Тоҷикистон на танҳо иштирокчии чунин чорабиниҳо, балки ташкилкунанда ва ташаббускори онҳо низ мебошад, ки ин нуфузи байналмилалии мамлакатро боз ҳам баланд мебардорад. Ин чорабиниҳо на танҳо барои баррасии масъалаҳои глобалӣ, балки барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва ҷалби сармоягузорӣ низ замина фароҳам меоранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 7, 2026 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст