Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии аъзои Комиссияи идоракунии лоиҳаи JDS иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 22.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 май дар шаҳри Токио вохӯрии аъзои Комиссияи идоракунии лоиҳаи JDS бо роҳбарият ва намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Илёс Идрисзода ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Меҳрӣ Олимшо иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иброз гардид, ки ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон ба марҳилаи сифатан нави рушд ворид гардида, бо сатҳи баланди эътимод ва шарикӣ тавсиф меёбад. Дар ин замина натиҷаҳои сафари охири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон ва имзои санадҳои муҳими дуҷониба ҳамчун заминаи устувор барои густариши минбаъдаи муносибатҳо арзёбӣ мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар меҳвари муносибатҳои дуҷониба Барномаи JDS қарор дорад, ки он на танҳо ҳамчун ташаббуси таълимӣ, балки чун омили муҳими парвариши насли нави хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Ҳамзамон хатмкардагони зинаи магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Ҷопон, ки тавассути Барномаи JDS таҳсил намудаанд, дар вазорату идораҳои мамлакат вазифаҳои калидӣ ва масъулро бар уҳда дошта, дар такмили низоми идоракунии давлатӣ, хизмати давлатӣ, инчунин ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Ҷонибҳо инчунин оид ба зиёд намудани теъдоди бурсияҳои таҳсилӣ, ташкили даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ва ҳамкории дуҷониба бо мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатии Ҷопон ибрози андеша намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистон ба ҷониби Ҷопон барои истиқболи гарму самимӣ, сатҳи баланди ташкил ва меҳмоннавозии анъанавӣ изҳори сипос намуд. Таъкид гардид, ки фазои эҳтироми мутақобил ва ҳамдигарфаҳмӣ бозгӯи равобити устувори дӯстона байни ду давлат мебошад.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






