ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН БО FAO. Дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид гардидаанд

Май 11, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 11.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» – «GIAHS» —Globally Important Agriculture Heritage System ворид  гардидани дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ намунаи барҷастаи ҳамкории Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO)  арзёбӣ мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Душанбе — мизбони конфронси FAO

Аз 11 то 15 майи соли 2026 дар пойтахти Тоҷикистон–шаҳри Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид  барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор мегардад, ки  дар доираи он якчанд чорабиниҳои канорӣ гузаронида мешаванд. Инчунин интизор меравад, ки иштирокдорони  конфронси ҷашнии минтақавии FAO ба тамошои дараи Алмосӣ раванд.

Муҷассамаи гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ дар даромадгоҳи Алмосӣ

Дар баробари  ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид гардидани дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ  дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз моҳи марти соли 2026  дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор муҷассамаи гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ гузошта шуд. Пайкарасозон бо тавсияи коршиносони соҳаи меъморӣ лоиҳаи маҷмааро бо сабки меъмории анъанавии тоҷикӣ, иборат аз ду пайкара- марду зан, ки сабади меваю ангур ва баррача рӯи даст доранд, тарҳрезӣ кардаанд. Дар пояи муҷассамаи рамзӣ мақсади гузошта шудани он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳаккокӣ карда шудааст.

Инчунин моҳи сентябри соли 2025 дар шаҳрҳои Душанбе ва  Ҳисор   конфронси илмии байналмилалӣ вобаста ба парвариши гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва афзун намудани майдони токзори ангури тоифии гулобӣ гузаронида шуд, ки дар он олимони соҳа аз кишварҳои хориҷӣ сухан намуданд.

Ба GIAHS мавзеъҳои гуногун дохил мешаванд

Бояд гуфт, ки 7-8 июли соли 2025 дар пойтахти Италия- шаҳри Рим ҷаласаи гурӯҳи илмию машваратии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Дар он ба дараи Алмосии шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мақоми «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» дода шуд, ки дар Осиёи Марказӣ ягона мебошад.

Ба низоми мероси кишоварзии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мавзеъҳое дохил мегарданд, ки онҳо аз ҷиҳати кишоварзӣ, гуногунии биологӣ ва фарҳангӣ аз дигар мавзеъҳо фарқ мекунанд.

Вуруди дараи Алмосӣ ба Феҳристи «GIAHS» — ифтихор тоҷикон

Ворид гардидани дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» барои кулли мардуми Тоҷикистон ифтихори бузург аст, зеро Тоҷикистон на танҳо дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ, балки дар миқёси кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ аввалин мамлакате мебошад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати дорои низоми беназири таърихии кишоварзӣ, ки гуногунии баланди биологӣ, устувории экосистема ва мероси миллии фарҳангиро муттаҳид менамояд, эътироф гардидааст.

То имрӯз дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ танҳо 12 иншоот дар 5 давлат- Андорра, Австрия, Италия, Испания ва Португалия эътироф шудаанд. Дар ҷаҳон 99 иншоот аз 29 давлат ба Феҳристи «GIAHS» ворид карда шудаанд.  Дохил гардидани дараи Алмосӣ ба ин рӯйхат  пуле байни мероси ғании табиӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ мегардад.

Нақшаи корӣ барои рушди минтақаи Алмосӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор баъди ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид гардидани дараи Алмосӣ барои рушди минтақаи Алмосӣ, хусусан бунёду таҷдиди роҳҳо ва ободонии деҳот дар ҳамкорӣ бо сокинони дараи Алмосӣ нақшаи корӣ тарҳрезӣ намуд, ки ҳадафи он рушду пешрафти ин мавзеи зебоманзар мебошад.

Рушди маҳал ва ҷалби сармоя ба соҳаи кишоварзии минтақа

Ворид гардидани дараи Алмосӣ ба феҳристи GIAHS ба рушди маҳал, ҷалби сармоя ба соҳаи кишоварзии минтақа, татбиқи барномаҳои давлатии ба соҳаи кишоварзӣ, сайёҳӣ ва бехатарии озуқаворӣ рабтдошта мусоидат менамояд. Зеро GIAHS – ташаббуси байналмилалии UNFAO буда, ба ҳифз ва рушди равиши ҳамгироие, ки устувории системаҳои кишоварзии анъанавиро бо истифода аз донишҳои суннатӣ, агробиогуногунӣ ва ландшафтҳои беназир ҳифз менамояд, равона шудааст.

Тибқи маълумоти мақомоти маҳаллӣ, солҳои охир барои беҳтар намудани инфрасохтори роҳҳо ва дастрасӣ ба деҳаҳо дар ин мавзеъ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, роҳҳои байниноҳиявӣ ва деҳаҳои дараи Алмосӣ бо саҳми мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, шарикони рушд ва соҳибкорони маҳаллӣ таъмиру таҷдид ва навсозӣ карда шуданд.

Низоми кишоварзии нодири дараи Алмосӣ

Дараи Алмосӣ, ки дар минтақаи кӯҳии шаҳри Ҳисор ҷойгир аст, низоми кишоварзии нодир дорад, ки дар он чорводорӣ ва парвариши зироати кишоварзӣ якҷоя амал мекунанд.

Дар ин ҷо навъҳои маҳаллии гандум, ҷав, сабзавот ва ангур, бахусус ангури тоифии гулобӣ, ки ба иқлими ин маҳал хеле мутобиқ аст, парвариш меёбанд, ки аз он шарбату мавиз ва нӯшокиву шароб истеҳсол мекунанд. Ҳамчунин дар ин минтақа гӯсфанди зоти ҳисорӣ, ки ба шароити сахти иқлим мутобиқ аст, парвариш карда мешавад.

Алмосӣ — минтақаи ҷолиби табиӣ ва гиёҳшиносии Тоҷикистон

Дараи Алмосӣ ба яке аз минтақаҳои ҷолиби табиӣ ва гиёҳшиносии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Зебоии нотакрор ва захираҳои шифобахш ин минтақа таваҷҷуҳи мутахассисон, табибон ва сайёҳонро низ ба худ ҷалб намудааст. Ба иттилои Маркази таҳқиқоти гиёҳшиносӣ, дар ин дара зиёда аз 20 навъи гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла кокутии кӯҳӣ, насрин, пудина ва мастакӣ мерӯянд, ки барои табобати бемориҳои гуногун истифода мешаванд.

Алмосӣ — минтақаи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон

Дараи Алмосӣ дар километри 20-уми самти ғарбии шаҳри Душанбе, дар байни дарёҳои Қаратоғ ва Хонақоҳ, дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор доман густурдааст. Дара як қисми мамнуъгоҳи олами ҳайвонот ба ҳисоб рафта, 6,000 гектарро дар бар мегирад, ки дар баландии то 2100 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Дастрасӣ ба ин минтақа нисбатан осон аст. Нахуст роҳ аз деҳаи Алмосӣ мегузарад, ки он ба деҳаҳои хурд-хурд тақсим шудааст. Ва баъдан аз он ҷо роҳ ба водии Хонақоҳи кӯҳӣ ва сипас ба самти табиати вуҳуш ва дурдасти қаторкӯҳҳои Ҳисор мебарад. Дараи Алмосӣ, ки дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷойгир аст, бо табиати зебову дилфиреб яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар ин ҷо дар соҳилҳои дарёи кӯҳии Хонақоҳ даҳҳо истироҳатгоҳ ва марказҳои фароғатӣ фаъолият менамоянд.

Манзараҳои дараи Алмосӣ-гавҳари ниҳон барои сайёҳон

Манзараи ин ҷо ба таври ҳайратангезу зебо боқӣ мондааст, ки онро бешазори арчаҳо, пиряхҳо ва чарогоҳҳои кӯҳӣ фаро гирифтаанд. Баръакси дараҳои маъмултарин дар Алмосӣ сохтмони биноҳо кам ба мушоҳида мерасад, аз ин рӯ сайёҳон озодона дар соҳилҳои дарё хайма зада, истироҳат менамоянд. Зебоии ин мавзеъ ҳамчун гавҳари ниҳон барои онҳое, ки мехоҳанд худро дар оғӯши табиат эҳсос намоянд, макони хубе хоҳад буд, то аз манзараҳои нотакрору дилфиреб ва  обу ҳавои хушу форамаш лаззат баранд.

Ранги гулобии ангури тоифӣ

Ангури тоифӣ, ки дар дараи Алмосӣ парвариш меёбад, бо назардошти муътадил будани иқлим ранги гулобӣ мегирад. Инчунин он бо таъм фарқ мекунад. Ин навъи ангур ба бемориҳо тобовар буда, қобилияти хуби нигаҳдорӣ дорад. Донааш байзашакл буда, пӯсти ғафс ва таъми ширин дорад. Дар фасли зимистон дар дохили хона онро дар ҳарорати то 15 дараҷа гармӣ то 5 моҳ нигоҳ доштан мумкин аст.

Давраи ҳосилғундорӣ аз моҳи сентябр то декабр мебошад. Инчунин аз ин навъи ангур шароб ё афшураҳои беҳтарин омода карда мешаванд. Буттамеваҳои ин навъи ангур миқдори кофии афшура доранд ва миқдори шакар дар онҳо мутавозин аст. Ранги ангури тоифӣ ба ҳарорати минтақа вобастагӣ дорад.

Гӯсфанди зоти ҳисорӣ — калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон

Яке аз намудҳои чорвое, ки дар Тоҷикистон парвариш ёфта, дар ҷаҳон номдор аст, ин гӯсфанди зоти ҳисорӣ мебошад, ки калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад. Гӯсфанди ҳисорӣ зоти тоҷикии аслӣ буда, таърихи пайдоишаш ба давраҳои дур мерасад. Гӯсфанди ҳисорӣ зоти дуруштпашму дунбакалони маҳаллӣ аст. Ин гӯсфандро барои гӯшту равған  парвариш менамоянд ва пайдоишу парвариши он маҳз аз водии Ҳисор ибтидо гирифтааст. Саршумори асосӣ ва зоти беҳтарини гӯсфанди ҳисорӣ дар Тоҷикистон мавҷуд буда, бештар дар водии Ҳисор ва вилояти Хатлон парвариш карда мешавад. Парваришу афзоишдиҳии гӯсфанди зоти ҳисорӣ танҳо дар Тоҷикистон маҳдуд нест. Аз Тоҷикистон гӯсфанди зоти ҳисорӣ ба дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ– Қафқоз ва аксар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интиқол дода шуда, дар он ҷойҳо низ парвариш карда мешавад.

Олами бойи набототу ҳайвоноти дараи Алмосӣ

Бояд гуфт, ки ба низоми мероси кишоварзии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мавзеъҳое дохил мегарданд, ки онҳо аз ҷиҳати кишоварзӣ, гуногунии биологӣ ва фарҳангӣ аз дигар мавзеъҳо фарқ мекунанд. Дараи Алмосӣ дорои олами бойи набототу ҳайвонот ва парандаҳое, аз қабили кабк, кафтарҳои саҳроӣ, ғоз, хуки ёбоӣ, харгӯш, гург, хирс, шағол ва ғайра мебошад.

Таъкид намудан ба маврид аст, ки Тоҷикистон дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нахустин давлатест, ки маҳсулоти кишоварзиаш ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд. Дар робита ба ин гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури навъи тоифии гулобӣ минбаъд низ дар миқёси ҷаҳон ҳарчӣ бештар муаррифӣ шуда, ба баланд гардидани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати дорои захираҳои бойи табиию кишоварзӣ мусоидат менамоянд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Дидор Саъдуллоев/манбаъҳои боз

Май 11, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ. Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист низоми ҳуқуқии миллӣ эҷод намояд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли сабзавот дар фасли баҳор ва тобистон аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ба хоҳишмандон касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро меомӯзад
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафти китобхонаҳо аст
ИСТИҚЛOЛИ ДAВЛAТӢ ВA РУШДИ ДAВЛAТДOРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Шаҳноза Ахмедова: «Рушди ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими муаррифии давлат, миллат ва фарҳанг аст»
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Барои босамар ва шавқовар гузаштани он хонандагон ба чӣ кор бояд машғул шаванд?
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод саривақт, босифат ва дар сатҳи баланд иҷро мешаванд
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
ФАЗИЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР «ШОҲНОМА». Ин достон ба дониш, муҳаббат ва ирода асос ёфтааст
ҶАВОНОН ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба фаъолияти Пешвои ҷавонпарвари миллат
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия шаҳрвандони Тоҷикистон бояд чиро донанд?