Ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун беш аз 2600 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 21.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2025 ва панҷ моҳи соли 2026 2672 нафар ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи маҳаллӣ, байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд, ки 892 нафари онҳо медали тилло, 841 нафар медали нуқра ва 940 нафар медали биринҷиро соҳиб гардиданд. Чунин баён гардид зимни ҷаласаи васеи Шурои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Хуҷанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.
Ҷаласа бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) доир шуд. Зимни он иброз гардид, ки дастовардҳои варзишгарон гувоҳи он аст, ки ҷавонон ҳамеша дар боло рафтани эътибори ватанамон дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Баён шуд, ки дастгирии ҷавонон дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба масъалаи амалӣ намудани иқдомҳои неку созандаи ҷавонон ва ҷалби онҳо ба мақоми роҳбарикунанда пайваста таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.
Дар айни замон дар шаҳр садҳо нафар ҷавонон дар корҳои роҳбарии шохаҳои ҳокимият, истеҳсолоту тиҷорат, илму таҳсилот ва ғайра пурсамар фаъолият доранд.
Шоистаи ифтихор аст, ки имрӯз зиёда аз 1000 нафар ҷавонписарону ҷавондухтарони шаҳри Хуҷанд дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Малайзия, Олмон, Англия ва Қазоқистон таҳсили илм доранд.
Ҳамзамон тибқи маълумоти Маркази миллии тестӣ, аз шумораи умумии 2180 нафар ҷавонони шаҳри Хуҷанд бештар аз 400 нафарашон дар мактабҳои олии пойтахти мамлакат таҳсил мекунанд.
Ҳамзамон дар шаҳр барои рушди соҳаи варзиш ва оммавигардонии он беш аз 400 иншооти варзишӣ, инчунин варзишгоҳ, толорҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ мавриди истифода қарор доранд.
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону азнавбарқароркунӣ ва таъмири иншооти зиёде дар соҳаи варзиш ба нақша гирифта шуда, то имрӯз зиёда аз 100 иншоот сохта, ба истифода дода шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






