Баҳодур Шерализода дар Ню-Йорк ва Вашингтон бо шарикони рушд ва ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба ҳамкории иқлимӣ мулоқот намуд

Май 23, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 23.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар шаҳрҳои Ню-Йорк ва Вашингтон бо роҳбарияти як қатор созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалии рушд мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти  Баҳодур Шерализода бо Муовини Дабири кулли СММ, муовини Мудири БРСММ ва Директори Бюрои минтақавӣ барои Аврупо ва ИДМ  Ивана Живкович баргузор гардид.

Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи гуногунии биологӣ, маблағгузории иқлимӣ ва раванди таҳияи NDC 3.0-и Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Дар шаҳри Вашингтон Баҳодур Шерализода бо Роҳбари Фонди мутобиқшавӣ (Adaptation Fund) Микко Олликайнен мулоқот намуд.  Зимни вохӯрӣ масъалаҳои дастгирии лоиҳаҳои Тоҷикистон дар самтҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, идоракунии устувори захираҳои табиӣ ва ҷараёни аккредитатсияи яке аз марказҳои тобеи Кумита дар назди Фонд муҳокима гардиданд.

Ҳамчунин, мулоқоти дуҷонибаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Директори иҷроияи Фонди вокуниш ба талафот ва зарар (FRLD) Иброҳима Шайх Дионг  баргузор шуд.

Ҷонибҳо масъалаҳои арзёбӣ ва бартарафсозии талафот ва зарари вобаста ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла обшавии пиряхҳо, ҳодисаҳои гидрометеорологӣ ва таъсири иқлим ба ҷамоатҳои осебпазирро баррасӣ намуданд.

Дар анҷоми мулоқотҳо ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкории минбаъда дар самти баланд бардоштани устувории иқлимӣ, ҳифзи муҳити зист ва ҷалби маблағгузории байналмилалии иқлимӣ таъкид карданд.

Ёдовар мешавем, ки Фонди вокуниш ба талафот ва зарар дар доираи COP27 соли 2022 дар Шарм-аш-Шайх таъсис ёфта, аз соли 2023 фаъолияти худро оғоз намуд. Фонд муваққатан аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ мизбонӣ шуда, бо мақсади расонидани кумаки грантӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққии осебпазир барои ҷуброн намудани талафот, зарари иқтисодӣ ва ғайрииқтисодии вобаста ба тағйирёбии иқлим таъсис дода шудааст.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Май 23, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд