Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Кӯлоб барномаи бошукуҳи варзишию фарҳангӣ доир шуд

Май 22, 2026 10:10

ДУШАНБЕ, 22.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 май дар Варзишгоҳи «Кӯлоб-Арена»-и шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол чорабинии бошукуҳи варзишию фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Муовини раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, ки футбол на танҳо бозии варзишӣ, балки василаи тавоноест, ки миллатҳоро муттаҳид ва насли ҷавони моро дар руҳияи дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва тарзи ҳаёти солим тарбия мекунад.

Барномаи идона бо иштироки густурдаи кӯдакону наврасон фазои ҳақиқии варзишӣ ба вуҷуд овард. Дар доираи фестивал дастпарварони мактабҳои варзишии шаҳри Кӯлоб таҳти роҳбарии мураббиён маҳорату истеъдоди баланди футболбозиашонро намоиш доданд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар ҷараёни фестивал зиёда аз 200 нафар кӯдакону наврасон аз ҷониби Федератсияи футболи вилояти Хатлон бо сару либоси варзишӣ, тӯбҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ таъмин карда шуданд. Ин иқдом руҳияи кӯдаконро боло бардошта, шавқу рағбати онҳоро ба ин намуди варзиш дучанд менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Май 22, 2026 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад