Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Данғара байни омӯзгорон мусобиқаи футбол доир шуд

Май 17, 2026 10:40

ДУШАНБЕ, 17.05.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ноҳияи Данғара бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол (25 май) байни 12 дастаи омӯзгорон аз муассисаҳои таълимии ноҳия мусобиқаи футбол баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд.

Иброз гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ ба рушди тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстӣ байни кормандони соҳаи маориф ва тарғиби варзиш дар ҷомеа мусоидат менамояд.

Футбол на танҳо яке аз намудҳои маъруф ва густаришёфтаи варзиш дар байни халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон аст, балки яке аз василаҳои муҳими солимгардонӣ, рушди ҷисмониву равонӣ ва таҳкими руҳияи инсондӯстиву ҳамбастагӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дар натиҷа ҷойи якум насиби дастаи Муассисаи давлатии таълимии Литсейи ҷумҳуриявӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғара гардид. Ҷойи дуюмро дастаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ва ҷойи сеюмро дастаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 сазовор шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард. Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардидааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара

Май 17, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд