Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Шаҳринав Фестивали бозиҳои варзишӣ баргузор гардид

Май 21, 2026 17:40

ДУШАНБЕ, 21.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори дастаи футболи «Барқчӣ» дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Шаҳринав бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бозиҳои варзишӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Чорабинӣ бо иштироки дӯстдорони футбол, кӯдакону наврасон, варзишгарон ва сокинони ноҳия дар фазои идона доир шуд. Дар ҷараёни фестивал барои иштирокчиён барномаҳои гуногуни ҷолиб омода гардиданд. Аз ҷумла, бозиҳои намоишӣ байни футболбозони ҷавон, машқҳои кушоди футболӣ, озмунҳои шавқовар ва баромадҳои варзишии кӯдакон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба худ ҷалб намуданд. Кӯдакону наврасон имконият пайдо карданд, ки маҳорати худро нишон дода, аз муҳити варзишӣ илҳом гиранд.

Ҳамчунин, аз ҷониби роҳбарият ва намояндагони дастаи «Барқчӣ» ба иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд, ки боиси хушҳолии кӯдакон ва боло гардидани рӯҳияи онҳо гардид.

Роҳбарияти дастаи «Барқчӣ» бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол тадбирҳои муҳим андешиданд, ки ташкили ин чорабинии бошукуҳ аз ҷумлаи онҳост.

«Ин рӯз моро водор месозад, ки бо масъулияту эҳсоси баланди касбӣ дар самти рушди футбол, тарбияи насли нав ва баланд бардоштани сатҳи маҳорати бозингаронамон боз ҳам талоши бештар намоем»,- иброз доштанд онҳо.

Чунин чорабиниҳои варзишӣ бешубҳа нақши муҳим дар пешбурди футбол дар сатҳи маҳаллӣ доранд ва бо ҷалби ҷавонон ба варзишу тарзи ҳаёти солим заминаи рушди ҳамаҷонибаро фароҳам месозанд.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 7 майи соли 2024 ҳамасола 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил карда мешавад.

Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол аз 23 то 25 май дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе Фестивали футбол баргузор мегардад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 21, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад