Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Шоҳмансур Фестивали варзишӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар майдончаи варзишии «Мирзобек»-и маҳаллаи Гулободи ноҳияи Шоҳмансур Фестивали варзишӣ таҳти унвони «Football Fest» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд.
Фестивал бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди фарҳанги варзишӣ, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва оммавигардонии бозии футбол байни аҳолӣ гузаронида шуд.
Зимни баргузории фестивал дастовардҳои соҳаи футбол ва дигар намудҳои варзиш ба намоиш гузошта шуда, меҳмонон ва иштирокчиён бо имконияту шароити фароҳамгардида барои рушди футбол дар ноҳия аз наздик шинос гардиданд.
Дар доираи баргузории фестивали мазкур, инчунин маросими ҷамъбаст ва қадрдонии ғолибони мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни занону духтарони кумита ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол доир гардид, баргузор шуд.
Зимни маросими тантанавӣ ғолибону иштирокчиёни фаъоли мусобиқа бо медал, Ҷом, Диплом ва туҳфаҳои хотиравии омоданамудаи кумитаи тадорукоти чорабинӣ сарфароз гардонида шуданд.
Таъкид гардид, ки ҷалби занону духтарон ба варзиш, махсусан футбол, яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, барои таҳкими саломатии ҷомеа ва баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоии бонувон мусоидат менамояд.
Иштирокчиён баргузории чунин чорабиниҳоро дар самти рушди варзиш, аз ҷумла дар самти футбол, тарбияи ҷавонон дар руҳияи солим, таҳкими дӯстиву ҳамбастагӣ ва баланд бардоштани мақоми футбол миёни ҷомеа муҳим арзёбӣ намуданд.
Ёддовар мешавем, ки 7-уми майи соли 2024 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар асоси пешниҳод ва ташаббуси варзишпарваронаи Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Қатъномаи махсусро оид ба эълон намудани 25-уми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол қабул намуд.
Ин иқдом аҳаммияти ҷаҳонии футболро ҳамчун воситаи таҳкими дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва рушди ҳамкории варзишӣ байни давлатҳо бори дигар ба таври расмӣ таъкид менамояд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур


















Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






