Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 25.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Фестивали футбол бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, дӯстию рафоқат, ташаккули маҳорату малакаи варзишӣ ва оммавӣ гардонидани футбол доир карда шуд.
Зимни ифтитоҳи форум иброз гардид, ки бо ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар асоси қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол расман таҷлил мегардад. Ин далели нақши фаъол доштани Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ва саҳми он дар тақвияти арзишҳои умибашарӣ, сулҳу дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагию ҳамкорӣ тавассути варзиш мебошад.
«Футбол на танҳо яке аз намудҳои маъруф ва густаришёфтаи варзиш дар байни халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон аст, балки яке аз василаҳои муҳими солимгардонӣ, рушди ҷисмониву равонӣ ва таҳкими руҳияи инсондӯстиву ҳамбастагӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад, — таъкид карда шуд дар чорабинӣ. — Федератсияи футбол ҳамеша кӯшиш менамояд барои рушду тарғиби футбол дар минтақаҳои Тоҷикистон тамоми шароити мусоидро фароҳам оварад».
Тазаккур дода шуд, ки Рӯзи ҷаҳонии футбол имкон медиҳад ба ин варзиши дӯстдошта ва василаи рушди ҷисмонию маънавии ҷавонон таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад. Роҳбарияти Ҳукумати мамлакат, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳама намудҳои варзиш таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Натиҷаи чунин ғамхориҳо аст, ки солҳои охир варзишгарони мамлакат пайваста дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, бо сазовор гардидани ҷойҳои ифтихорӣ нуфузу эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд бардошта, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.
Бояд гуфт, ки давоми солҳои истиқлоли давлатӣ дар мамлакат барои рушду равнақи соҳа дар мамлакат 11 ҳазор иншооти нави варзишӣ бунёд гардид. Иштироки фаъолонаи футболбозони мамлакат дар мусобиқаи Ҷоми Осиё собит сохт, ки имрӯз ҷавонони тоҷик бо дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат дар тамоми навъҳои варзиш сабқат намуда, Парчами Тоҷикистонро парафшон менамоянд.
Дар ҳамоиш барномаҳои гуногуни варзишӣ ва фарҳангӣ бо иштироки кӯдакон, наврасон ва ҷавонон доир карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард. Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод шудааст.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»

































Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






