Байни кормандони Бонки миллии Тоҷикистон мусобиқа оид ба футболи хурд идома дорад
ДУШАНБЕ, 21.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) байни кормандони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд дар маҷмааи академияи «Ювентус» аз 14 май то 8 июни соли 2026 идома меёбад.
Рушди соҳаи варзиш, хусусан оммавӣ намудани бозии футбол ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҳадафи асосии мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд мебошад. Дар солҳои истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон бозии футбол дар байни ҷавонон маҳбубияти бештар пайдо намуда, сафи ҳаводоронаш афзуд.
Ёдовар мешавем, ки бо пешниҳоди Президенти Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 7 майи соли 2024 қатънома қабул кард, ки тибқи он 25 май Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардидааст.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






