ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2026. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тими Афғонистонро мағлуб кард

Май 16, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 16.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол таҳти роҳбарии Рустам Хоҷаев дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA-2026) пирӯзии дуюми худро ба даст овард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар бозии даври сеюм дастаи мунтахаби мо дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода тими Афғонистонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард.

Дар даври навбатӣ  ҷавонони Тоҷикистон бо тими Узбекистон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ 17 май дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, соати 17:00 оғоз мешавад.

Нимҳимоятгари дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор Баҳодур Назарзода, ки муаллифи яке аз голҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозӣ ба муқобили тими Афғонистон (2:0) дар даври сеюми чемпионати CAFA-2026 гардид, беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф шуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 16, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд