Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи ташаккули низоми нави радио, телевизион ва интернет конфронси илмӣ -амалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 24.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Ташаккули низоми нави радио, телевизион ва интернет дар шароити Тоҷикистони соҳибистиқлол» баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Дар конфронс хабарнигорони расонаҳои пешбари Тоҷикистон, профессорон, докторони илм, коршиносони соҳаи журналистика ва намояндагони мақомоти давлатӣ, инчунин муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд.
Зимни ҳамоиш аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳо таъкид гардида, иброз шуд, ки мавзӯъҳои интихобшуда барои рушди минбаъдаи воситаҳои ахбори оммаи кишвар аҳамияти калон доранд.
Таъкид гардид, ки ВАО-и муосир на танҳо дар огоҳ кардани ҷомеа, балки дар ташаккули фазои фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ низ нақши калидӣ доранд. ВАО имрӯз воситаи пуриқтидор барои ҳифзи фарҳанги миллӣ, тақвияти ҳувият ва ҳифзи манфиатҳои давлатӣ мебошанд.
Зикр шуд, ки соҳаи журналистика имрӯз ба омода кардани кадрҳои баландихтисосе, ки забонҳои хориҷиро медонанд ва бо технологияҳои муосир кор карда метавонанд, ниёз дорад. Ҷорӣ кардани равишҳои инноватсионӣ ба амалияи журналистӣ ва истифодаи фаъолонаи платформаҳои рақамӣ барои таблиғи иттилооти боэътимод аҳамияти муҳим дорад.
Тазаккур дода шуд, ки ВАО-и муосир бояд на танҳо иттилоотӣ, балки таълимӣ низ бошанд, ки тафаккури интиқодӣ ва саводнокии ВАО-ро дар ҷомеа инкишоф диҳанд. Конфронсҳои ин сатҳ ба мубодилаи таҷриба, муҳокимаи мушкилоти муосири соҳа ва таҳияи стратегияҳои нав барои рушди радио, телевизион ва ВАО-и онлайнӣ дар шароити Тоҷикистони мустақил мусоидат мекунанд.
Дар ҳамоиш инчунин оид ба таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ВАО, таҳияи қонунҳо ва ташаббусҳои нав дар ин самт ибрози назар карда шуд. Зикр гардид, ки аз замони истиқлолият дар кишвар шабакаҳои телевизионӣ ва радиои муосир бо истифода аз технологияҳои нав таъсис ёфта, дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро инъикос менамоянд.
Дар рафти конфронс иштирокчиён доираи васеи масъалаҳои марбут ба рушди радио, телевизион ва ВАО-и онлайнро баррасӣ карданд. Аз ҷумла, ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар журналистикаи телевизионӣ, нақши ВАО дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ташаккули низоми ВАО-и электронӣ, рушди барномаҳои махсуси телевизион ва радио, сифати барномаҳо ва технологияҳои муосир дар соҳаи ВАО, таъсири телевизион ба ҳувияти миллӣ ва фазои фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин таваҷҷуҳи махсус ба меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ, амнияти иттилоотӣ, саводнокии ВАО ва баробарии гендерӣ дар муҳити рақамӣ зоҳир карда шуд.
Таъкид гардид, ки технологияҳо ва навовариҳои муосир дар кори рӯзноманигорон нақши калидӣ дошта, ба эҷоди маҳсулоти босифат ва рақобатпазири ВАО мусоидат мекунанд.
Ҳамаи иштирокчиёни конфронс иброз доштанд, ки чунин ҳамоишҳо ба мубодилаи дониш, муҳокимаи масъалаҳои мубрами ВАО ва таҳияи равишҳои нав барои такмили фаъолияти радио, телевизион ва ВАО-и онлайнӣ мусоидат хоҳанд кард.
Лайло ТОИРӢ
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ба шарафи варзишгарони тоҷик Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 850 маротиба баланд бардошта шуд
Сокинони Рашт бо парчамҳои давлатӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Беш аз 30 ҳазор сокинони Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Дар Бохтар беш аз 40 ҳазор нафар ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ намуданд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ БАЛАНДТАРИН ПАРЧАМҲОИ ҶАҲОН. Эҳдо ба Рӯзи Парчами миллӣ
Дар Тоҷикистон Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизӣ қабул гардид
ПАРЧАМИ МИЛЛӢ — ТАҶАССУМГАРИ ҲУВИЯТИ ТАЪРИХ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар Рӯзи Парчами давлатӣ
АВВАЛИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Ин парчами таърихӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба фарзандон аз синни хурдсолӣ бояд маънии парчамдориву соҳибдавлатӣ, арзиши сулҳу ваҳдатро омӯзонем»
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад






