Дар Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 11.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба кори худ шуруъ менамояд, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Бояд гуфт, ки дар таърихи давлатҳои Осиёи Марказӣ нахустин маротиба чунин ҳамоиши муҳими ФАО дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Маҳз дар Тоҷикистон баргузор шудани ин чорабинии сатҳи баланд далели афзоиши нуфузи байналмилалии ҷумҳурии мо ва нақши фаъоли он дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор мебошад.
Конфронс то 15 май идома ёфта, беш аз 550 иштирокчиро аз 54 давлати аъзо ва кишварҳои нозир, инчунин намояндагони тақрибан 20 созмони байналмилалӣ ва минтақавиро муттаҳид менамояд.
Дар ҳамоиш иштироки Директори генералии ФАО Сюй Дунюй, вазирони кишоварзии як зумра давлатҳо, дипломатҳои сатҳи баланд, коршиносон ва намояндагони ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ дар назар аст.
Ҳадафи асосии конфронс баррасии масъалаҳои мубрами таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва рушди минтақаҳои деҳот мебошад. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи табдили низоми агроозуқаворӣ дар шароити тағйирёбии иқлим, буҳронҳои иқтисодӣ ва афзоиши хатарҳои ҷаҳонӣ равона мегардад.
Дар доираи ҳамоиш баргузории як қатор чорабиниҳои мавзӯӣ ва майдонҳои мубоҳисавӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, масъалаҳои табдили низоми агроозуқаворӣ бо иштироки ҷавонон, муколамаи сармоягузорӣ, таҳкими устувории низоми кишоварзӣ, рушди биоиқтисод ва шарикӣ, инчунин густариши нақши занон дар бахши аграрӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ҳамчунин иштирокчиён афзалиятҳои минтақавии ФАО-ро дар заминаи ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва ташаббуси «чаҳор беҳбудӣ», ки беҳтар намудани истеҳсолот, ғизо, муҳити зист ва сифати зиндагии аҳолиро пешбинӣ менамояд, муҳокима хоҳанд кард.
Ба андешаи коршиносон, баргузории чунин конфронси сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби сармоя ва муаррифии ташаббусҳои экологӣ ва аграрии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ имконияти нав фароҳам меорад.
Солҳои охир ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонии васеъ ёфта, ба таҳкими мавқеи мамлакат дар низоми шарикии байналмилалӣ мусоидат намуданд.
Имрӯз Тоҷикистон на танҳо иштирокчии фаъоли равандҳои байналмилалӣ маҳсуб мешавад, балки ба макони баргузории ҳамоишҳои бузурги сатҳи ҷаҳонӣ низ табдил ёфтааст.
Баргузории иҷлосияи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҳамчун қадами муҳими навбатӣ дар роҳи густариши ҳамкории минтақавӣ ва пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии экологӣ ва озуқаворӣ арзёбӣ мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






