Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 25.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Варзишгоҳи миллӣ барои 30 ҳазор тамошобин ҳамчун туҳфаи ҷашнии Ҳукумати мамлакат ба варзишгарон ва дӯстдорони футбол ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус имрӯз Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол иброз намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таъсиси мактабҳо ва академияҳои футбол, ҷорӣ намудани барномаҳои омӯзишӣ ва татбиқи низоми литсензиякунонии клубҳо дар доираи талаботи Конфедератсияи футболи Осиё ба баланд гардидани сифати омодагии варзишгарон мусоидат мекунад. Имрӯз футболи тоҷик дар марҳалаи рушди устувор қарор дорад.
«Бовар дорам, ки мураббиён, мутахассисон ва футболбозони ҷумҳурӣ бо ҳисси баланди масъулият, иродаи қавӣ ва маҳорати касбӣ минбаъд низ бо пирӯзиву дастовардҳои худ парчами давлатамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта, дар тарғиби варзиш ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим саҳми босазо мегузоранд»,- иброз намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти мамлакат ҳамватанон, дӯстдорони варзиш ва ҳаводорони футболро табрик намуда, тазаккур доданд, ки бигзор футбол дар Тоҷикистон ҳамеша ҳамчун рамзи ваҳдат, саломатӣ ва ифтихори миллӣ рушд ёбад ва наслҳои ояндаро ба сӯйи муваффақияти нав ба нав раҳнамоӣ кунад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






