Дар Истаравшан Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ доир шуд

Май 13, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 13.05.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Истаравшан Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ байни варзишгарони 17 ва 23-сола баргузор гардид.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки  дар мусобиқа варзишгарон аз шаҳру  вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ва шаҳри Душанбе  иштирок намуданд.

Гӯштини юнонӣ-румӣ яке аз намудҳои қадимтарин ва пурифтихори варзиш ба ҳисоб меравад. Ин намуди гӯштин аз варзишгар неруи бузурги ҷисмонӣ, ҳушёрӣ, малакаи баланд ва иродаи қавӣ талаб мекунад. Дар ҳар рақобат на танҳо қувваи мушак, балки ақлу заковат, сабру таҳаммул ва фарҳанги варзишӣ низ санҷида мешавад.

Варзишгарони тоҷик дар ин намуди варзиш ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бо ифтихор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро парафшон менамоянд. Ин муваффақият натиҷаи меҳнати пайвастаи варзишгарон, мураббиёни соҳибтаҷриба ва дастгирии давлату Ҳукумат мебошад.

Иброз гардид, ки варзиш дар ҷомеаи муосир танҳо василаи мусобиқа нест, балки он мактаби тарбия,  сабақи матонат ва майдони ташаккули иродаи инсон мебошад. Маҳз тавассути варзиш ҷавонон ҷасорат, сабру таҳаммул, интизом ва эҳтиром ба рақибро меомӯзанд. Варзиш инсонро ба зиндагии солим, фаъолияти созанда ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳидоят мекунад.

Дар фарҷом ба ғолибони мусобиқа Диплом ва медалҳо супорида шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан

Май 13, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад