Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футболро бошукуҳ таҷлил намуданд

Май 21, 2026 14:41

ДУШАНБЕ, 21.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол чорабинии маърифатию фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — бунёдгузори сиёсати давлатии ҷавонон» баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат хабар доданд, дар ҳамоиш намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, бахши кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, инчунин омӯзгорону донишҷӯёни муассиса иштирок намуданд.

Директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат Исломбек Зоирзода зимни ифтитоҳи чорабинӣ гуфт, ки ҷавонон ҳамчун неруи фаъоли ҷомеа дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта, бо дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳсил, илм, варзиш ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Гуфта шуд, ки рушди соҳаи варзиш, махсусан футбол, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ нақши муҳим дорад.

Дар идомаи чорабинӣ ғолибон ва фаъолони мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар озмунҳои дохилимуассисавӣ бо «Диплом», «Ифтихорнома» ва «Сипоснома» қадрдонӣ карда шуданд.

Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш донишҷӯён бо пешниҳоди суруду таронаҳои ватандӯстона, саҳначаҳои ҷолиб ва рақсу ҳунарҳои дилнишин ба чорабинӣ шукуҳи идона бахшиданд.

 

АКС: Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат

Май 21, 2026 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад