Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 08.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. 9 май дар Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар мусобиқаи мазкур иштироки паҳлавонони шинохтаи Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия дар назар дошта шудааст.
Хотиррасон мешавем, ки аз ҷониби ташкилкунандагони мусобиқа ба ғолибон туҳфаҳои гуногун, аз қабили 8 адад мошини қиматбаҳо ҳамчун «Шоҳҷоиза» тақдим мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) ҳамасола бо мақсади ташвиқу тарғиби гӯштини миллӣ дар ҷумҳурӣ, фароҳам овардани имконоти фароғатию истироҳатӣ ва таъмини оммавияти варзиш, мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо, муайян намудани дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонон ба ин намуди варзиш, ҳавасмандгардонии онҳо ва муаррифии паҳлавонон бо шукуҳу шаҳомати хос ва дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.
Бояд гуфт, ки гӯштини миллӣ дар ҳар минтақаи мамлакат вижагиҳои хос дорад. Гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ касб намуд. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини тоҷикӣ соҳиби шаҳодатномаи байналмилалӣ гардид.
Барои соҳиб гардидан ба ин мақом 19 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе пеш аз оғози баргузории Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ бо иштироки намояндагони 31 давлати дунё конфронс баргузор шуд. Дар он намояндагони давлатҳои иштирокчӣ ин тасмимро ҷонибдорӣ намуданд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон зери ҳидояту дастгириҳои ҳамешагии варзишпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои бозиҳои миллии варзишӣ, бахусус гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) аз нав эҳё шуда, мунтазам рушд меёбанд.
Пешвои миллат соли 2015 зимни таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба хотири ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа, аз ҷумла ҷавонону наврасон ва сокинони мамлакат ба бозиҳои миллии варзишӣ ва муаррифӣ намудани намудҳои миллии варзиш дар арсаи байналмилалӣ, бахусус гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.
Ҳамзамон дар ин раванд бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ давоми чанд соли охир мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ низ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ҷоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе баргузор карда шуданд.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






