Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 14.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид, ки дар он беш аз 40 ҳазор мухлис ва ҳаводорони гӯштини миллӣ иштирок намуданд.
Дар мусобиқа паҳлавонони шинохта аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Федератсияи Русия бо ҳарифонашон сабқат намуда, соҳиби туҳфаҳои боарзиш гардиданд.
Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмаликро паҳлавонони тоҷик Ёсин Бобокалонов, Ҳайдари Саидкабирзода, Наврӯзи Каримзод ва Шарифҷон Назриев, инчунин Зоҳид Ҳусайнов аз Ҷумҳурии Узбекистон соҳиб шуданд.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






