Дар Ню-Йорк ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқаи варзишӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню Йорк бо мақсади таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол — 2026 мусобиқаи махсуси футбол баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд, дар ин чорабинӣ дипломатҳои баландпояи намояндагиҳои доимии кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид бо руҳияи рафоқат ва рақобати дӯстона иштирок намуданд.
Аксари аъзои ҳайатҳо ва мухлисон бо ифтихор либосҳои миллии футболи кишварҳои худро пӯшида, фазои фараҳбахшу идона, дӯстӣ ва ягонагии миллатҳоро эҷод карданд. Ҳамаи иштирокдорон аз тантанаи руҳияи варзишӣ тибқи принсипҳои пойдори Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла муколама, эҳтироми мутақобил ва қудрати муттаҳидкунандаи варзиш ҳаловат бурданд.
Дар натиҷаи мусобиқа гурӯҳи Осиё ва Уқёнуси Ором ғолиб омада, соли дуюм пай дар пай бо Ҷоизаи Рӯзи ҷаҳонии футболи Созмони Милали Муттаҳид сарфароз гардонида шуд.
АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






