Дар шаҳри Боку Форуми соҳибкории Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 22.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 май дар Маркази тиҷоратии шаҳри Боку Форуми соҳибкории Тоҷикистону Озарбойҷон бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, идораҳои соҳавӣ, инчунин доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар доданд.
Чорабинӣ дар доираи ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ташкил карда шуда, ба рушди робитаҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории ду кишвар, густариши ҳамкории сармоягузорӣ ва баррасии дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштарак равона гардид.
Зимни форум ба иштирокчиён оид ба иқтидори сармоягузорию иқтисодии Тоҷикистон ва Озарбойҷон, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, инчунин имтиёзҳои андозӣ ва дигар сабукиҳое, ки барои соҳибкорон пешбинӣ шудаанд, маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Дар ин росто, аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамкории сармоягузорӣ байни доираҳои соҳибкории ду кишвар, таъсиси корхонаҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои мушаххас дар бахшҳои гуногуни иқтисод таъкид карда шуд.
Дар доираи суханрониҳо инчунин рӯнамо ва видеонаворҳо оид ба имконияти сармоягузорӣ, самтҳои афзалиятноки рушди иқтисод ва лоиҳаҳои дурнамодори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Дар анҷоми форум бо иштироки намояндагони тақрибан 80 ширкату корхонаҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон вохӯриҳои дуҷониба дар қолаби B2B доир гардиданд.
Дар натиҷа байни корхонаву ширкатҳои ду кишвар оид ба омӯзиш ва пешбурди лоиҳаҳои муштараки тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ як қатор тавофуқҳо ба даст омада, шартномаҳои дуҷониба ба имзо расонида шуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон























Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






