Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид

Май 25, 2026 09:10

ДУШАНБЕ, 25.05.2026 /АМИТ “Ховар”/. 24 май бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва дар ҳамкорӣ бо фаъолони диаспораи тоҷикон мусобиқаи футбол бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар шаҳри Оснабрюки Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ “Ховар” аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон хабар доданд, чорабинии мазкур дар партави ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи варзиш ва футбол доир гардида, 15 даста аз шаҳрҳои гуногуни Олмон ва дар маҷмуъ зиёда аз 250 нафар бозингарону тамошобинонро ба ҳам овард.

Боиси таъкидт, ки соли 2024 Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қатъномаи махсусро оид ба Рӯзи ҷаҳонии футбол қабул намуд, ки ҳамчун дастгирии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, ба таҳкими нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат кард.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов иштирокчиёни мусобиқаро ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик гуфта, ба ғолибон медал, ҷом, ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ тақдим намуд.

Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа дастаи шаҳри Липпштадт сазовори ҷойи якум, дастаи шаҳри Кёлн соҳиби ҷойи дуюм ва дастаи шаҳри Оснабрюк барандаи ҷойи сеюм гардиданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон

Май 25, 2026 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд