Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад

Май 14, 2026 11:19

ДУШАНБЕ, 14.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 май дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мешавад. Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе аз дидбонгоҳи Чорбоғ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» доир мегардад.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар пойтахт чорабиниҳои оммавии варзишӣ бо иштироки васеи сокинони мамлакат, намояндагони сафоратхонаҳо, кормандони касбу кори гуногун, вазорату кумитаҳо, корхонаю муассиса ва ташкилоту идораҳо гузаронида мешаванд.

Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории мусобиқа таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он дар байни аҳолӣ мебошад.

Дави миллӣ маъракаи умумимиллӣ буда, ба солимӣ ва оммавияти варзиш нигаронида шудааст.

Варзиш дар ҳаёти инсон ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа дошта, машғулияти варзишӣ ва обутоби бадан ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад.

Мақсад аз ташкили марафон тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш дар байни табақаҳои васеи ҷомеа мебошад. Он василаи пешгирӣ ва коҳиш додани бемориҳои сироятӣ дар байни ҷавонон аст.

Давидан аз ҷиҳати тиббӣ барои саломатӣ ва дуруст инкишоф ёфтани инсон нақши бузург дорад. Шахсоне, ки мунтазам ба ин намуди варзиш машғул мешаванд, чусту чолок ва ҷасуру моҳир мегарданд.

Ба тавсияи табибон, давидан ба пешгирии лахташавии хун дар рагҳои хунгард мусоидат намуда, гардиши онро дар бадани инсон мураттаб месозад.

Давидан навъи маъмулу муносиби машқҳои ҷисмонӣ аст, ки ба андешаи олимон, ба дарозумрии инсон таъсири назаррас дорад. Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки давидан дар як рӯз аз 5 то 10 дақиқа бо суръати муътадил метавонад хатари марг аз сактаи дил, инсулт ва дигар бемориҳои маъмулро коҳиш диҳад.

Давидан кори мушакҳоро беҳтар намуда, буғумҳо ва устухонҳоро мустаҳкам мекунад, ба шарте, ки ҳангоми давидан пойафзол хуб бошад. Ин намуди варзиш хотираро низ беҳтар карда, системаи иммуниро мустаҳкам мегардонад. Давидан беҳтарин варзиш барои кам кардани вазн мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 14, 2026 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд