Доир ба пурзӯр намудани мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар вохӯрӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе вохӯрии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад бо муовини намояндаи минтақавии Дафтари барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон Александр Федулов баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд.
Директори Агентӣ оид ба вазъи маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва минтақа, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ маълумот дод.
Ҳамчунин пешниҳод оид ба пурзӯр намудани мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз тамоюли зиёд гаштани воситаҳои нашъадори синтетикӣ изҳори нигаронӣ намуданд.
Александр Федулов барои ҳамкории эътимоднок арзи сипос намуда, нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа муҳим арзёбӣ намуд.
Ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкории судманд дар самти назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






