DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд

Май 3, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 03.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 май дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2026» ба анҷом мерасад, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар рӯзи охири мусобиқа  варзишгарон аз рӯи 5 вазн: -78 кг, +78 кг байни занон ва -90 кг, -100 кг ва +100 кг байни мардон қувва меозмоянд.

Аз Тоҷикистон дар ин рӯз 13 ҷудочӣ иштирок менамояд.

Байни занон

Вазни +78 кг: Виктория Киселёва

Байни мардон

Вазни -90 кг:  Туйчибек Шарипов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Саидраҳим Раҳимов, Умедҷон Раҷабов.

Вазни -100: Ҷаҳонгир Маҷидов, Муҳсин Малаев, Абдулаҳад Маҷидов, Сомонӣ Кишваров.

Вазни +100 кг:  Парвиз Абдураҳмонов, Хумор Муносибов, Мансур Раҳмон, Муҳаммадрасул Давлатов.

Дар ду рӯзи мусобиқа варзишгарони тоҷик 4 медал ба даст оварданд. Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг медали тилло, Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг медали тилло, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг медалт тилло ва Лоиқ Қутбиддинов дар вазни то 60 кг медали биринҷиро сазовор гардиданд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз гардонида мешаванд.

Дар «Dushanbe Grand Slam- 2026» 240 варзишгар- 142 мард ва 98 зан аз 34 давлати ҷаҳон иштирок доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 3, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад