DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд

Май 2, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 02.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 2 май дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2026» идома меёбад, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар рӯзи якуми мусобиқа варзишгарони тоҷик ду медал ба даст оварданд. Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг медали тилло ва Лоиқ Қутбиддинов дар вазни то 60 кг медали биринҷиро сазовор гардиданд.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа  варзишгарон аз рӯи 4 вазн: -63 кг, -70 кг байни занон ва -73 кг ва -81 кг байни мардон қувва меозмоянд.

Аз Тоҷикистон дар ин рӯз 9 ҷудочӣ иштирок менамояд.

Байни занон

Вазни — 63 кг: Ҷонона Назарова.

Байни мардон

Вазни -73 кг:  Муҳиддин Асадуллоев, Бинёмин Назиров, Абдулло Ориф ва Масъуд Аҳмадзод.

Вазни -81 кг: Сомон Маҳмадбеков, Абубакр Боқиев, Сунатулло Мусоев ва Бахтиёр Бозоров.

Дар рӯзи якуми мусобиқа Тоҷикистонро 17 варзишгар муаррифӣ намуд.  Байни занон Аҳлия Муминова, Нушин Ҷумаева ва Марям Назарова дар вазни -48 кг, Суҳайло Сафарзода,  Мадина Қурбонзода, Зуҳал Ҷумаева ва Райҳонаи Розиқзода дар вазни -52 кг ва   Раҳмия Ҳанҷарбекова, Сабина Каримова дар вазни -57 кг иштирок карданд. Байни мардон  Икром Шамсов, Лоиқ Қутбиддинов,  Меҳрзод Суфиев ва Рамзиддин Азизов дар вазни -60 кг ва Эмомалӣ Нуралӣ, Мусанниф Миробов, Обид Ҷебов ва Искандар Муҳамадхоҷазода дар вазни -66 кг ҳунарнамоӣ карданд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз гардонида мешаванд.

Дар «Dushanbe Grand Slam- 2026» 240 варзишгар, ки 142 мард ва 98 зан аз 34 давлати ҷаҳон иштирок доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 2, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад